Шаҳрванди Афғонистон, ки дар Душанбе мехостанд аскарӣ баранд, озод шуд

Як шаҳрванди Афғонистони муқими Душанбе Муҳаммад Иқбол Асламро, ки дирӯз, 22 ноябр мақомоти Тоҷикистон қасд доштанд ба хидмати аскарӣ бибаранду пас аз комиссариати ҳарбӣ ба шуъбаи кофтукови ҷиноӣ бурда буданд, озод кардаанд. Дар ин бора падари ҷавон Муҳаммадаслам Ҳошимӣ ба “Азия Плюс” хабар дод. Ҳошимӣ гуфт, ки субҳи имрӯз, 23-юми ноябр фарзандашро аз шуъбаи кофтукови ҷиноӣ озод […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Як шаҳрванди Афғонистони муқими Душанбе Муҳаммад Иқбол Асламро, ки дирӯз, 22 ноябр мақомоти Тоҷикистон қасд доштанд ба хидмати аскарӣ бибаранду пас аз комиссариати ҳарбӣ ба шуъбаи кофтукови ҷиноӣ бурда буданд, озод кардаанд. Дар ин бора падари ҷавон Муҳаммадаслам Ҳошимӣ ба “Азия Плюс” хабар дод.

Ҳошимӣ гуфт, ки субҳи имрӯз, 23-юми ноябр фарзандашро аз шуъбаи кофтукови ҷиноӣ озод карданд.

Падари ҷавон дирӯз дар суҳбат ба “Азия-Плюс” иддао дошт, ки чанде аз кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ фарзандашро аввал ба шуъба ва баъд ба комиссариати ҳарбии ин ноҳия ва сипас ба ҷойи номаълум бурда буданд. Ӯ аз тақдири ояндаи писраша нигарон буд.

Ба қавли Ҳошимӣ, ӯ бо хонаводааш соли 1998 дар ҳукумати якуми Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд, шаҳрванди Афғонистон ҳастанду дар инҷо мақоми паноҳандагӣ доштанд.

Ӯ гуфта буд, дар замони ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ афсари артиши Афғонистон буд ва вақте, ки ба Тоҷикистон паноҳанда шуданд, солҳо баъд ҳаққи иқомат дар Тоҷикистонро дарёф карданд. Ӯ бо писараш ва тамоми хонаводааш ҳаққи иқомат дар Тоҷикистонро доранд.

Ҳамчунин Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе дар як маълумотномае таъйид карда буд, ки Муҳаммадиқболи Муҳаммадаслан дар воқеъ шаҳрванди Афғонистон асту шаҳрвандии Тоҷикистонро надорад.

Дирӯз, аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфта буданд, ки Муҳаммад Иқболро кормандони милиса бар асоси як аризаи шикоятӣ аз болои ӯ дастгир намуда, ба комиссариат оварданд, вале баъди он ки маълум шуд, ӯ шаҳрванди Афғонистон асту ҳуқуқи хизмат дар Тоҷикистонро надорад, ӯро ба ба шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ бурданд.

Ҳамин тариқ, имрӯз Муҳаммад Иқболро аз онҷо озод карданд. Падараш мегӯяд, ки алайҳи ӯ ҳеч иттиҳоме нест ва ӯ комилан озод аст.

Тафсилоти ҳодисаи дирӯзро ин ҷо бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.