Манижа аз рӯйи фарзияи Glamour овозхони сол дониста шуд

Рӯзи 22 ноябр маросими супурдани ҷоизаҳои “Glamour", маҷаллаи занонаи Русия баргузор шуд, ки дар он бонувони "барҷаста ва илҳомбахш" аз соҳаҳои мухталиф эътироф мешаванд. Ин 17-умин маросими тақдими ҷоизаи "Занони сол" Glamour дар соли 2021 мебошад. Дар соли 2020 ҷоиза номи худро ба "Занони сол" иваз кард (қаблан он "Зани сол" буд), ки ба гуфтаи […]

Виктория Петрова, махсус барои asia+

Рӯзи 22 ноябр маросими супурдани ҷоизаҳои “Glamour", маҷаллаи занонаи Русия баргузор шуд, ки дар он бонувони "барҷаста ва илҳомбахш" аз соҳаҳои мухталиф эътироф мешаванд.

Ин 17-умин маросими тақдими ҷоизаи "Занони сол" Glamour дар соли 2021 мебошад. Дар соли 2020 ҷоиза номи худро ба "Занони сол" иваз кард (қаблан он "Зани сол" буд), ки ба гуфтаи созмондиҳандагон, аҳамияти ҳар кадоме аз ҷоизагирон ва ҳамзамон иттиҳоди ҷомеаи кахрамонҳо ва хонандагонро таъкид месозад.

Glamour ҳамагӣ ҳашт нафарро аз рӯи номинатсияҳои асосӣ интихоб намуд. Аз ҷумла, мувофиқи овоздиҳии тамошобинон Ирина Старшенбаум бар Юлия Пересилд ғолиб омада, "Ҳунарпешаи (актрисаи) сол", Манижа – "Сарояндаи сол" ва Чулпон Хаматова – "Зани сол" эътироф шуданд.

Овозхони тоҷиктабори Русия Манижаи Сангин дар чараёни овоздиҳӣ дар сомонаи Glamour.ru аз овозхонҳои номзаде чун Земфира, Mary Gu, Мари Краймбрери ва Анна Asti пеш гузашт.

Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори муқими Русия 29-сола аст. Ӯ ҳунарманди мустақил, муаллиф ва иҷрокунанда, коргардони клипҳо (намоҳангҳо)-и мусиқӣ, ходими ҷамъиятӣ дар соҳаи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ ва аз соли 2019 сафири фонди "Подари жизнь" (Ҳаёт ҳадя намо), аз соли 2020 – сафири Ҳусни нияти СММ оид ба умури паноҳандагон мебошад.

Манижа имсол дар озмуни байнулмилалии “Евровидение-2021” аз Русия намояндагӣ карда, бо суруди Russian Woman зинаи 9-умро ишғол намуд.

Чанде қабл Манижа хабар дод, ки ба шавҳар мебарояд. Овозхон дар Instagram-и худ аксеро нашр карда, зери он чунин навишт: “Ман розӣ шудам”. Дар сурат духтар ангуштаринро дар дасташ нишон медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...