“Розӣ шудам”. Манижа пас аз нокомӣ дар “Евровидение” шавҳар мекунад

Овозхони маъруфи Русия ва зодаи Тоҷикистон Манижаи 30-сола (Манижа Сангин) хабар дод, ки ба шавҳар мебарояд. Овозхон дар Instagram-и худ аксеро нашр кардааст, ки зери он чунин навишта шудааст: “Ман розӣ шудам”. Дар сурат духтар ангуштаринро дар дасташ нишон медиҳад. Коргардон Ладо Кватания ба овозхон пешниҳоди издивоҷ кардааст. Аз муносибатҳои онҳо моҳи апрел маълум шуд, […]

Овозхони маъруфи Русия ва зодаи Тоҷикистон Манижаи 30-сола (Манижа Сангин) хабар дод, ки ба шавҳар мебарояд.

Овозхон дар Instagram-и худ аксеро нашр кардааст, ки зери он чунин навишта шудааст: “Ман розӣ шудам”. Дар сурат духтар ангуштаринро дар дасташ нишон медиҳад.

Коргардон Ладо Кватания ба овозхон пешниҳоди издивоҷ кардааст. Аз муносибатҳои онҳо моҳи апрел маълум шуд, ки он замон Кватания ба Нидерланд рафт, то ки Манижаро дар озмуни Евровидение-2021 дастгирӣ кунад. Маҳз ӯ таҳиягар ва басаҳнагузори таронаи Russian Woman мебошад.

Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори муқими Русия 29-сола аст. Ӯ ҳунарманди мустақил, муаллиф ва иҷрокунанда, коргардони клипҳо (намоҳангҳо)-и мусиқӣ, ходими ҷамъиятӣ дар соҳаи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ ва аз соли 2019 сафири фонди "Подари жизнь" (Ҳаёт ҳадя намо), аз соли 2020 – сафири Ҳусни нияти СММ оид ба умури паноҳандагон мебошад.

Манижа имсол дар озмуни байнулмилалии “Евровидение-2021” аз Русия намояндагӣ карда, бо суруди Russian Woman зинаи 9-умро ишғол намуд.

Дар бораи Лада Кватания маълум аст, ки ӯ соли 2009 РАТИ-ГИТИС-ро хатм карда, сипас дар курсҳои сенариянависии Ҷон Труби ва Пол Браун дар Академияи санъати кинои Ню-Йорк таҳсил кардааст.

Аз замони донишҷӯӣ бо сенарияҳои худ ба наворбардории филмҳои кӯтоҳмуддат оғоз намуда, то имрӯз барои Оксимирон, Делфина, Хаски намоҳангҳо (клипҳо) ва барои тамғаҳо (брендҳо)-и маъруфи ҷаҳонӣ наворҳои рекламавӣ таҳия кардааст.

Аввалин филми бадеии Кватания “Казнь” (Қатл)  27 январи соли 2022 ба намоиш гузошта мешавад. Дар ин филм доир ба кушторҳои силсилавӣ Юлия Снигир, Виктория Толстоганова, Даниил Спиваковский ва Аглая Тарасова нақш бозидаанд.

Манижа дар бораи маросими издивоҷи оянда ҳоло ҳеҷ маълумоте намедиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.