Додситони Дарвоз аз “оксиди карбон” заҳролуд шуда фавтидааст

Додситони ноҳияи Дарвоз Ҳақназарзода Бахтиёр Ҳақназар дар манзили зисташ дар шаҳраки Қалъаи Хумби маркази Дарвоз,  аз оксиди карбон (угарный газ) заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора як манбаъ аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон  ба «Азия-Плюс» хабар дод. Ба гуфти манбаъ, ин ҳодиса дирӯз рух дода,  тафтишоти ҳодиса идома дорад. То кунун мақомот расман дар ин […]

Додситони ноҳияи Дарвоз Ҳақназарзода Бахтиёр Ҳақназар дар манзили зисташ дар шаҳраки Қалъаи Хумби маркази Дарвоз,  аз оксиди карбон (угарный газ) заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора як манбаъ аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон  ба «Азия-Плюс» хабар дод. Ба гуфти манбаъ, ин ҳодиса дирӯз рух дода,  тафтишоти ҳодиса идома дорад.

То кунун мақомот расман дар ин бора изҳори назар накардаанд. Талошҳои «Азия-Плюс»  барои ба даст овардани ҷузъиёти ҳодиса аз Додситонии кул, додситонии Дарвоз, ҳукумати ноҳияи Дарвоз  ва мақомоти дигар натиҷа надод.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худаш, далели марги додситонро сар задани сӯхтор дар манзили зисти ӯ унвон кардааст.

Бахтиёр Ҳақназарзода хатмкардаи риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли  1999 дар мақомоти додситонии вилояти Хатлон, ноҳияиҳои Шаҳритус, Ҷомӣ  ва Ёвон  дар вазифаҳои гуногун кор карда, соли 2016 муддате иҷрокунандаи додситони ноҳияи Панҷ будааст

Чор соли ахир ( аз моҳи январи соли 2017) додситони ноҳияи Дарвози ВМКБ ва мушовири адлияи дараҷаи 2 буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

                      

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.