Манижа аз рӯйи фарзияи Glamour овозхони сол дониста шуд

Date:

Рӯзи 22 ноябр маросими супурдани ҷоизаҳои “Glamour", маҷаллаи занонаи Русия баргузор шуд, ки дар он бонувони "барҷаста ва илҳомбахш" аз соҳаҳои мухталиф эътироф мешаванд.

Ин 17-умин маросими тақдими ҷоизаи "Занони сол" Glamour дар соли 2021 мебошад. Дар соли 2020 ҷоиза номи худро ба "Занони сол" иваз кард (қаблан он "Зани сол" буд), ки ба гуфтаи созмондиҳандагон, аҳамияти ҳар кадоме аз ҷоизагирон ва ҳамзамон иттиҳоди ҷомеаи кахрамонҳо ва хонандагонро таъкид месозад.

Glamour ҳамагӣ ҳашт нафарро аз рӯи номинатсияҳои асосӣ интихоб намуд. Аз ҷумла, мувофиқи овоздиҳии тамошобинон Ирина Старшенбаум бар Юлия Пересилд ғолиб омада, "Ҳунарпешаи (актрисаи) сол", Манижа – "Сарояндаи сол" ва Чулпон Хаматова – "Зани сол" эътироф шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Манижа ва Чулпан Хаматова

Овозхони тоҷиктабори Русия Манижаи Сангин дар чараёни овоздиҳӣ дар сомонаи Glamour.ru аз овозхонҳои номзаде чун Земфира, Mary Gu, Мари Краймбрери ва Анна Asti пеш гузашт.

Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори муқими Русия 29-сола аст. Ӯ ҳунарманди мустақил, муаллиф ва иҷрокунанда, коргардони клипҳо (намоҳангҳо)-и мусиқӣ, ходими ҷамъиятӣ дар соҳаи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ ва аз соли 2019 сафири фонди "Подари жизнь" (Ҳаёт ҳадя намо), аз соли 2020 – сафири Ҳусни нияти СММ оид ба умури паноҳандагон мебошад.

Манижа имсол дар озмуни байнулмилалии “Евровидение-2021” аз Русия намояндагӣ карда, бо суруди Russian Woman зинаи 9-умро ишғол намуд.

Чанде қабл Манижа хабар дод, ки ба шавҳар мебарояд. Овозхон дар Instagram-и худ аксеро нашр карда, зери он чунин навишт: “Ман розӣ шудам”. Дар сурат духтар ангуштаринро дар дасташ нишон медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...