Омикрон-навъи тозаи COVID-19: Кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ тадбирҳо меандешанд?

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки  аз сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо штамми  нави коронавирус – “Омикрон” ошкор шудааст, худдорӣ кунанд. “Тавсия медиҳем ба кишварҳое, ки дар онҳо штамми нави коронавирус  паҳн шудааст, сафар накунанд”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати […]

Манзума Фируз, Asia-Plus

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки  аз сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо штамми  нави коронавирус – “Омикрон” ошкор шудааст, худдорӣ кунанд.

“Тавсия медиҳем ба кишварҳое, ки дар онҳо штамми нави коронавирус  паҳн шудааст, сафар накунанд”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ.

Ӯ зикр кард, ки дар ҷумҳурии мо айни замон ҳолатҳои сироят аз штамми нави коронавирус ошкор нашудааст.

Ба гуфтаи Ҷаъфаров, бар асари хавфи сироят аз штамми нави “омикрон”-и коронавирус дар ҷумҳурӣ то ҳол маҳдудияте ҷорӣ нашудааст, лекин назорат дар сарҳаду фурудгоҳҳо пурзӯртар гардид.

Дар кишварҳои ҳамсоя вазъ чӣ гуна аст?

Қазоқистон дар пасманзари зуҳури штамми нави коронавирус қоидаҳои вуруд ба шаҳрвандони 10 кишвар ва Гонконгро сангинтар мекунад. Ба иттилои Tengrinews, дар ин бора муовини аввали вазири тандурустии ин кишвар Марат Шоранов хабар додааст.

“Бо далели ба кишвар ворид шудани штаммҳои гуногун тариқи шаҳрвандонамон, ки аз хориҷи кишвар бармегарданд, тавсия медиҳем, ки бидуни зарурати таъҷилӣ аз кишварҳое, ки дар онҳо штамми нави коронавирус паҳн мешавад, боздид накунанд”, – гуфта мешавад дар маълумоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.

Сенатор Владимир Круглий изҳор доштааст, ки штамми африқоии “омикрон” дар Русия сабт шуда, онро сайёҳон аз Миср овардаанд. Ӯ даъват намудааст, ки то муфассал омӯхта шудани ин навъи штамми COVID-19, алоқаи ҳавоӣ бо Миср муваққатан қатъ карда шавад, менависад РИА Новости.

Ба иттилои ВАО-и хориҷӣ, дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ҳудуди сад нафар сироятёфтагон ба қайд гирифта шудаанд. Сироятёфтагон дар Гонконг, Исроил, Белгия, Чехия, Олмон, Британияи Кабир, Италия, Австралия, Португалия, Шотландия, Нидерланд, Австрия, инчунин эҳтимолан дар Фаронса ва Швейтсария ошкор шудаанд. Ба ҷуз дар Шотландия, ҳамаи ҳолатҳо дар дигар кишварҳо вурудӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.