Саҳми Ташкилоти Оғохон дар барномаи “Сабзкунонии шаҳри Душанбе”

Яке аз самтҳои афзалтиятнок ва муҳими барномаҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (АКДН) ва хадамотҳои он ин ҳифзи муҳит ва макони зист маҳсуб меёбад. Бинобар ин, татбиқ намудани ташаббусҳо ва иқдомҳои созанда вобаста ба беҳсозии муҳити зист дар маркази таваҷҷӯҳи хоси ташкилот ва хадамотҳои он мебошад.   Бо ин мақсад соли ҷорӣ зиёда […]

Яке аз самтҳои афзалтиятнок ва муҳими барномаҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (АКДН) ва хадамотҳои он ин ҳифзи муҳит ва макони зист маҳсуб меёбад. Бинобар ин, татбиқ намудани ташаббусҳо ва иқдомҳои созанда вобаста ба беҳсозии муҳити зист дар маркази таваҷҷӯҳи хоси ташкилот ва хадамотҳои он мебошад.  

Бо ин мақсад соли ҷорӣ зиёда аз 100 нафар кормандони сохторҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд  дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, боғи “Кули Ҷавонон” маъракаи ниҳолшинониро ташкил карда, дар он ширкат намуданд.

Дар маъракаи мазкур шаш намуди дарахт, 200 бех ниҳол, аз ҷумла санавбари маҳҳалӣ (75 дона), сарви сиёҳ (30 дона), сарви сафед (30 дона), арча (35 дона), чинор (5 дона) ва маҷнунбед (25 дона) шинонда шуд.

Ташаббуси мазкур ба барномаи “Сабзкунони шаҳри Душанбе” ва дигар иқдомҳои созандаи Ҳукумати кишвар вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва беҳсозии фазои экологӣ мусоидат намуда, дар тақвият додани ин самт саҳми арзанда мегузорад.

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд аз хадамотҳои хусусии рушд иборат буда, самти фаъолияти онҳо ба беҳбудии имкониятҳо ва беҳсозии шароити зиндагии мардуми кишварҳои рӯ ба тараққӣ бахшида шудааст.

Ҳадафи барномаҳои АКДН баҳри некуаҳволии кулли мардум, новобаста аз миллат, ҷинс ва дину мазҳаб равона гардидаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.