Интернет дар ВМКБ то кунун дастнорас аст. Мақомот ваъда доданду аммо иҷро нашудааст

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ҳол шабакаи интернет дастнорас аст, ҳарчанд мақомот пас аз тавофуқҳои ҳосилшуда дар гуфтушунидҳо, ваъда доданд, ки алоқаро барқарор мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хоруғ. “Баъди гуфтушунид ба мо ваъда доданд, ки алоқаи интернетро барқарор мекунанд, аммо як рӯз гузашту то ҳол интернет нест. Дирӯз ваъда доданд, ки имрӯз, […]

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ҳол шабакаи интернет дастнорас аст, ҳарчанд мақомот пас аз тавофуқҳои ҳосилшуда дар гуфтушунидҳо, ваъда доданд, ки алоқаро барқарор мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хоруғ.

“Баъди гуфтушунид ба мо ваъда доданд, ки алоқаи интернетро барқарор мекунанд, аммо як рӯз гузашту то ҳол интернет нест. Дирӯз ваъда доданд, ки имрӯз, 30 ноябр то соати 13:00 алоқа барқарор мешавад, аммо ин муддат ҳам гузашта, интернет нест. То ҳол касе чизеро шарҳ надодааст”, – мегӯяд манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, онҳо нигаронанд, ки агар мақомот банди маъмулии қарордодро оид ба барқарор кардани интернет иҷро накунанд, пас шояд бандҳои дигар низ риоя нашаванд.

Сухангӯйи ҳукумати ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ҳам соати 15.00 рӯзи 30-юми ноябр таъйид кард, ки то кунун дар вилоят интернет нест. 

Дар Хадамоти алоқа вазъро ба “Азия-Плюс” шарҳ надоданд. Муовини аввали роҳбари Хадамот Илҳомҷон Атоев дар гуфтугӯи телефонӣ аз шарҳи ин масъала худдорӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ 25 ноябр пас аз кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков оғоз гардиданд. Сокинони шаҳр дар куштори ӯ мақомоти ҳифзи тартиботро гунаҳкор дониста, ҷасади ӯро бо талаби тафтиши ҳодисаи марги ӯ ба майдони асосии Хоруғ оварданд.

Рӯзи 29 ноябр пас аз созишнома байни мақомот ва эътирозгарон гирдиҳамоии чоррӯза ба поён расид. Дар гуфтушунидҳо тасмим гирифта шуд, ки комиссияи иборат аз 44 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шавад, ки онҳо ҷараёни тафтишотро пайгирӣ хоҳанд кард.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.