Тоҷикистон ба Конгресси мероси ҷаҳонии ИДМ се ёдгории таърихию фарҳангӣ пешниҳод кард

Рӯзи 1 декабри соли равон Конгресси 6-уми байналмилалии мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ ба кори худ шуруъ кард, ки намояндагону мутахассисони соҳа ба таври маҷозӣ дар  кори он иштирок менамоянд. Тавре ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мавзӯи асосии Конгресси мазкур ворид гардидани лоиҳаҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим аст. Гуфта мешавад, дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Рӯзи 1 декабри соли равон Конгресси 6-уми байналмилалии мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ ба кори худ шуруъ кард, ки намояндагону мутахассисони соҳа ба таври маҷозӣ дар  кори он иштирок менамоянд.

Тавре ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мавзӯи асосии Конгресси мазкур ворид гардидани лоиҳаҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим аст.

Гуфта мешавад, дар кор конгресс аз Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии Гузаргоҳи “Зарафшон-Қароқум”, “Фарғона-Сирдарё” ва “Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим” мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Конгресс сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Хоҷаев Шералӣ иштирок мекунад.

Ба иттилои Вазорат, ҳамчунин рӯзи 1 декабри соли равон ҳайати коршиносони Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар семинари таҳлилӣ оид ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии Силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, долони "Фарғона-Сирдарё" ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

Мувофиқи нақшаи барнома дар семинари мазкур аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва кишвари мизбон Қазоқистон коршиносону мутахассисон иштирок намуда, вобаста ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишварҳои худ дар долони "Фарғона-Сирдарё" ва дигар ёдгориҳо маърӯза ва муҳокимаронӣ менамоянд.

Ёдрас мешавад, ки дар ин долон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд", "Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин" -и шаҳри Хуҷанд, "Бунҷикат" -и ноҳияи Шаҳристон, "Ширин ва дахмаҳои Куркат" -и ноҳияи Спитамен, "Мақбараи Ҳазрати Шоҳ" -и шаҳри Исфара ва "Масҷид-Мадрасаи Абдулатиф Султон" -и шаҳри Истаравшан шомил мебошанд.

Зикр мегардад, ки ёдгориҳои таърихии зикргардида аҳамияти байналхалқӣ дошта, аз соли 2017 инҷониб дар рӯйхати пешакии Мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид мебошанд. Талошҳои минбаъдаи Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани ин ёдгориҳо ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.