Минтақаи байни Амфитеатр ва донишкадаи исломии Душанбе чӣ гуна мешавад? Тамошо кунед

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе лоиҳаи муфассали банақшагирии кӯчаҳои Ҳ. Аҳрорӣ ва Шодмонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо намоиш дод. Навори видеои лоиҳа дар саҳифаи Сарраёсат дар шабакаи иҷтимоии в Facebook нашр шудааст. Гуфта мешавад, лоиҳа дар асоси дастуру супоришҳои президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия шудааст. Дар бораи дигар […]

Asia-Plus

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе лоиҳаи муфассали банақшагирии кӯчаҳои Ҳ. Аҳрорӣ ва Шодмонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо намоиш дод.

Навори видеои лоиҳа дар саҳифаи Сарраёсат дар шабакаи иҷтимоии в Facebook нашр шудааст.

Гуфта мешавад, лоиҳа дар асоси дастуру супоришҳои президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия шудааст. Дар бораи дигар ҷузъиёт ва муҳлати татбиқи лоиҳа маълумот дода намешавад.

Дар навори видео қаламраве, ки дар он Амфитеатр, Пойтахт-80, Иттифоқи нависандагон, манзилҳои баландошёна ва ҳавлиҳо, мадраса ва дигар иншоот воқеъ аст, нишон дода мешаванд.

Дар ин навор дида мешавад, ки ба ҷойи ҳавлиҳои хусусӣ ва хонаҳои баландошёна маҷмааи истиқоматӣ бо хонаҳои ошёнаашон якхела, мағозаҳо ва дигар зербинои зарурӣ сохта мешаванд.

Ҳудуди кӯчаҳои Аҳрорӣ ва Шодмонӣ ба маҳалле, ки дар он боғи “Истиқлолият” бо маҷмааи “Истиқлолият ва Озодӣ” бунёд мешавад, ҳамшафат аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.