Ҳушдори мақомот дар Суғд ба мусофирону ронандагон: “Воксин назада бошед, ба Душанбе наравед”

Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд бо нашри як эълон аз мусофирону ронандагоне, ки алайҳи коронавирус воксин назадаанд, ҳушдор додааст аз сафар ба Душанбе худдорӣ кунанд. Ин эълон рӯзи 3-уми декабр ба идораи телевизион ва радиоҳои шаҳри Хуҷанд барои нашр интиқол ёфтааст, ки зери матни он сардори Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сӯҳроб […]

Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд бо нашри як эълон аз мусофирону ронандагоне, ки алайҳи коронавирус воксин назадаанд, ҳушдор додааст аз сафар ба Душанбе худдорӣ кунанд.

Ин эълон рӯзи 3-уми декабр ба идораи телевизион ва радиоҳои шаҳри Хуҷанд барои нашр интиқол ёфтааст, ки зери матни он сардори Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сӯҳроб Қурбонзода имзо гузоштааст.

Дар ин эълон аз тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон ёдоварӣ кард,а зикр шудааст, ки ягона роҳи пешгирӣ аз бемории COVID-19 ин задани воксин ва рияои қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад. Ҳарчанд гуфта мешавад вазъи эпидемиологӣ дар кишвар идорашаванда ҳам бошад, аммо ин ниҳод сокинонро даъват кардааст ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагир қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

“Аз ин хотир бо мақсади пешгирӣ ва сироятёбӣ ба бемории мазкур ронандагон ва мусофироне, ки то ҳол воксин нагирифтаанд то гирифтани воксин муваққатан аз сафар ба самти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ худдорӣ кунанд”,

Аммо БДА вилояти Суғд нагуфтааст, ки дар сурати надоштани чунин санад нисбати мусофирон ва ронандагон чӣ чорае меандешанд.

Карим Ҷумъаев, масъули робита бо ҷомеаи БДА-и вилояти Суғд дар суҳбат ба Азия-Плюс гуфт, ин танҳо чораи пешгирӣ аз сироятёбии одамон ба бемории ҳамагир буда ҳадафашон ҷалби аҳолӣ ба воксинзанӣ аст. Аммо чораҳои манъи сафар ба шахсоне, ки воксин нагирифтаанд қатъиян пешбинӣ нашудааст ва ӯ гуфт танҳо “гиранд хубтар аст”.   

“Агар ронандагону мусофирон воксин нагирифта бошанд, дар автовокзали “Хуҷанд-Душанбе” воксин мезананд, метавонад аз он ҷо ваксин гиранд ва ба сафар бароянд. Агар надошта бошанд ,муваққатан аз сафар худдорӣ кунанд. Ин меъёр танҳо ба мусофирону ронандагоне таъаллуқ дорад, ки мехоҳанд аз вилояти Суғд ба Душанбе раванд”,-мегӯяд ӯ.

Давоми чанд ҳафтаи ахир мақомоти Суғд фишангҳоеро рӯйи даст гирифтаанд то  аҳолӣ ҳарчи зудтар ба воксинзанӣ ҷалб карда шаванд. Аз ҷумла дар мактабҳои миёна ва кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд аз хонандагон ва тарбиятгирандагон овардани нусхаи гувоҳномаи иммунизатсияи падару модаронашон талаб карда шуд. Мақомот мегӯяд, бо вуҷуди корҳои фаҳмонидадиҳӣ то ба рӯзи 2-юми декабр ҳамагӣи 45 дарсади аҳолии вилояти Суғд дар баробари COVID-19 воксин задаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.