Вазири корҳои дохилӣ бо як санҷиш ба ВМКБ рафт

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо мақсади омодагии афсарону сарбозон ба мавсими зимистонгузаронӣ, ҳамзамон санҷиши ҳолати омодабошии ҷангӣ аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорат дар ВМКБ боздид ба амал овард. Тавре маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар рафти санҷиш маълум гардид, ки афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии номбурда ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар […]

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо мақсади омодагии афсарону сарбозон ба мавсими зимистонгузаронӣ, ҳамзамон санҷиши ҳолати омодабошии ҷангӣ аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорат дар ВМКБ боздид ба амал овард.

Тавре маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар рафти санҷиш маълум гардид, ки афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии номбурда ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар анборхонаи онҳо захираи маҳсулоти хӯрока, либос ва сӯзишворӣ ба миқдори лозимӣ захира карда шудааст.

“Омодабошии ҷангии ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, бахусус сарбозону афсарон дар сатҳи баланди касбӣ буда, техника ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ дар ҳолати хуби коршоямӣ қарор доранд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, зимни суҳбату вохӯрӣ афсарону сарбозон рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат нишон дода, ҳифзи ватан ва таъмини амнияти шаҳрвандонро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд.

Зикр мегардад, ки Рамазон Раҳимзода барои хизматҳои арзанда дар таҳкими суботу оромӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинони вилоят ба афсарону сарбозон изҳори миннатдорӣ карда, бархе аз онҳоро аз номи Вазорат бо туҳфаҳо сарфароз гардонид ва дар хизмати сермасъулияту пурифтихор ба онҳо муваффақияту комёбӣ орзу намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.