Русия соли 2022 барои муҳоҷирон IT-корти бемуҳлат ҷорӣ мекунад

“Дар сиёсати муҳоҷирати Русия тағйирот сурат мегирад. Ислоҳоти қонунгузорӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, то нимаи соли 2022 лоиҳаи он ба Думаи давлатӣ пешниҳод мешавад”, – гуфтааст президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов.  Тавре ки "Российская газета" хабар медиҳад, бо қабули қонун то охири сол IT-корти рақамии муҳоҷир ҷорӣ мешавад. Ба гуфтаи Коженов, IT-корт шиносномаҳои кормандони […]

Asia-Plus

“Дар сиёсати муҳоҷирати Русия тағйирот сурат мегирад. Ислоҳоти қонунгузорӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, то нимаи соли 2022 лоиҳаи он ба Думаи давлатӣ пешниҳод мешавад”, – гуфтааст президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов.

 Тавре ки "Российская газета" хабар медиҳад, бо қабули қонун то охири сол IT-корти рақамии муҳоҷир ҷорӣ мешавад.

Ба гуфтаи Коженов, IT-корт шиносномаҳои кормандони кишварҳои аслашонро иваз намуда, санади тасдиқкунандаи шахсият хоҳад шуд.

“Он ба муҳлати 10 сол дар саросари Русия амал карда, патент барои кор ба минтақаи додашуда вобаста аст. Дар давоми 10 сол агар дорандаи корт ягон қонуншиканӣ надошта бошад, он бемуҳлат мешавад”, – гуфтааст Коженов.

Ӯ хабар додааст, ки феҳристҳои электронии корфармо ва муҳоҷирон омода мешаванд. Онҳо кирои “рақамӣ”-и хориҷиёнро ба кор танзим мекунанд. Ба ин тариқ, Коженов ғайримустақим маълумот дар бораи коҳиши раванди муҳоҷиратро рад мекунад.

Баръакс, тибқи маълумоти ВКД, соли 2021 шумори хориҷиёни худро ба қайд гузошта афзудааст. Агар соли 2020 шумори онҳо 8 млн 327 ҳазору 24 нафарро ташкил медод, пас соли 2021 ин рақам  то ба 10 млн 616 ҳазору 980 нафар расидааст.

Бино ба маълумоти Комиссияи авруосиёии иқтисодӣ, соли 2021 низ шумори муҳоҷирон дар Русия бештар шуда, лекин дар соҳаҳои боррасониву сохтмон норасоии онҳо ба мушоҳида мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.