Шералӣ Кабир аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки дар бозсози маконҳои мероси урани Тоҷикистон саҳм бигирад

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз ширкаткунандагони Маҷмааи Ҳисоби барқарорсозии экологӣ хостааст, ки дар бозсозии маконҳои мероси урани Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд. Дар ин бора  дафтари матбуоти вазорати саноат хабар медиҳад.  Маҷмаии саҳҳомони Ҳисоби барқарорсозии экологӣ (ҲБЭ) барои Осиёи Марказӣ рӯзи 9-уми декабр баргузор шудааст, ки Шералӣ Кабир дар он ба таври маҷозӣ […]

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз ширкаткунандагони Маҷмааи Ҳисоби барқарорсозии экологӣ хостааст, ки дар бозсозии маконҳои мероси урани Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд. Дар ин бора  дафтари матбуоти вазорати саноат хабар медиҳад. 

Маҷмаии саҳҳомони Ҳисоби барқарорсозии экологӣ (ҲБЭ) барои Осиёи Марказӣ рӯзи 9-уми декабр баргузор шудааст, ки Шералӣ Кабир дар он ба таври маҷозӣ ширкат кардааст. 

Шералӣ Кабир дар суханронии худ ба мушкилоти мавҷуд ишора карда аз ширкаткунандагонии Маҷмааи ҲБЭ хостааст, ки ба зарурати таъмини бехатарӣ ва бозсозии маконҳои мероси уран, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондаанд, таваҷҷуҳ кунанд.

Вазири саноати Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳалли мушкилоти марбут ба маконҳои урани баҷомонда аз Шӯравӣ танҳо бо ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ имконпазир аст. 

Вазири тоҷик гуфтааст, ки танҳо барои ислоҳи хок дар қаламрави Тоҷикистон бештар аз 35 млн евро ниёз аст. Шералӣ Кабир гуфтааст, ки маблағҳои ихтисосдодашудаи ҳозир барои иҷроӣ кардани ҳадафҳои барномаҳои ҲБЭ кофӣ нестанд ва барои нигоҳдории некуаҳволии мардум ва таъмини амнияти экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ 40 миллион еврои иловагӣ зарур аст. 

Вазири тоҷик аз кишварҳои сармоягузор хостааст, ки дар ин замина бештар саҳм бигиранд ва ба оқибатҳои фоҷиаҳои экологӣ таваҷҷуҳ кунанд. 

Раиси Маҷмааи сармоягузорон Адриан ван дер Меер дар поёни ин ҳамоиш  изҳор кардааст, ки Комиисияи Аврупо бо ҳадафи мусоидат ба корҳои беҳсозӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтааст, ки ба ҲБЭ 10 миллион евро бидиҳад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.