Ба Тоҷикистон боз ҳудуди 3 млн воя ваксинаи CoronaVac оварда шуд

Шаби гузашта ба Тоҷикистон ҳудуди 3 млн воя (доза) ваксинаи зидди коронавирус оварда шуд. Ин миқдор воя вакинаҳои зидди COVID-19 дар доираи татбиқи механизми COVAX ба Тоҷикистон ворид карда шуданд. Тавре ки Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шаби сипаришуда ба Тоҷикистон  2 млну 962 ҳазору 800 воя ваксинаи  “CoronaVac”-и истеҳсоли Чин  ворид гардид. Ба ин […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Шаби гузашта ба Тоҷикистон ҳудуди 3 млн воя (доза) ваксинаи зидди коронавирус оварда шуд.

Ин миқдор воя вакинаҳои зидди COVID-19 дар доираи татбиқи механизми COVAX ба Тоҷикистон ворид карда шуданд.

Тавре ки Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шаби сипаришуда ба Тоҷикистон  2 млну 962 ҳазору 800 воя ваксинаи  “CoronaVac”-и истеҳсоли Чин  ворид гардид.

Ба ин тариқ, дар доираи механизми зикршуда ва ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон зиёда аз 8 млн воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибиқи иттилои манбаъ, аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то ба ҳолати 21 декабри соли равон дар Тоҷикистон 3 млн 648 ҳазору 917 нафар (62%) бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин,  то ин дам 2 млн 891 ҳазору 471 нафар (49,1%)  шаҳрвандони кишвар бо вояи дуюми ваксина эм шудаанд.

Дар Тоҷикистон аз ваксинаи аврупоии Astrazeneca-и истеҳсоли Ҳиндустон, CoronaVac аз Чин,  Moderna ва Pfizer-м амрикоӣ, инчунин «Спутником V»-и Русия эм гирифтан имконпазир аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.