Ҳушдори вазорати маориф: “нагузоред фарзандон дар таътили зимистонӣ телефонбозӣ кунанд”

Донишомӯзони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 10 январи соли 2022 ба таътили зимистона мераванд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳанд. Манбаъ мегӯяд, ин тасмим ба хотири ҷамъбаст гардидани чоряки дуввум таҳсил дар мактабҳо аст. Вазорати маориф аз волидайн даъват кардааст, ки  ки дар таътили зимистона  назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон […]

Asia-Plus

Донишомӯзони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 10 январи соли 2022 ба таътили зимистона мераванд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Манбаъ мегӯяд, ин тасмим ба хотири ҷамъбаст гардидани чоряки дуввум таҳсил дар мактабҳо аст.

Вазорати маориф аз волидайн даъват кардааст, ки  ки дар таътили зимистона  назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ гузаронанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон машғул мешаванд.

– Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки дар таътили зимистона хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб намояд,- зикр намудааст вазорат.

Манбаъ ҳамчунин, гуфтааст, дар давраи таътил дар тамоми мактабҳо олимпиадаи ҷумҳуриявӣ доир мегардад,

Қобили зикр аст, ки чанд сол пеш мақомоти маориф дар низоми таҳсилот тағйирот ворид намуда, таътилҳои тирамоҳиву баҳорӣ ва ҳамин тариқ чорякҳоро барҳам дода, мӯҳлати таҳсил дар мактабҳо тамдид намуда буданд. Вале ин тасмим норозигии бархе волидайнро ба миён овард ва соли 2018 Вазорати маориф низоми таътилҳои тирамоҳиву баҳориро баргардонид ва систеами чорякро барқарор кард.

Бо ин вуҷуд бархе волидайн аз тамдид шудани соли таҳсил шикоят намуданд ва ҳатто замоне бо мактуби дастҷамъӣ барои баргардонидани занги охир ба рӯзи 25-уми май шуда буданд.

Аммо зоҳиран имсол ба ин чиз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нуқта гузошт ва 1 сентябри соли равон зимни суханронии худ пешниҳод кард, ки соли таҳсил дар кишвар ҳамасола 1 июн ҷамъбаст карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.