Сохтмони боз як қитъаи роҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма ба таъхир афтод

Муҳлати муваққатан ворид кардани воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти сохтмонӣ барои амалисозии лоиҳаи бунёди қитъаи Шкев-Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб то 9 июли соли 2022 тамдид мешавад. Дар ин бора дар қарори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст, хабар дода мешавад. Ба корҳои ворид намудани таҷҳизоти зарурӣ ва […]

Муҳлати муваққатан ворид кардани воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти сохтмонӣ барои амалисозии лоиҳаи бунёди қитъаи Шкев-Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб то 9 июли соли 2022 тамдид мешавад.

Дар ин бора дар қарори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст, хабар дода мешавад.

Ба корҳои ворид намудани таҷҳизоти зарурӣ ва сохтмони ин қитъаи роҳ корхонаи фаръии корпоратсияи China Road and Bridge Corporation-и Чин машғул мешавад.

Дар номгӯй ба қарор даҳҳо техникаи гуногуни сохтмонӣ, ки аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ зимни убури сарҳад озод карда мешаванд, зикр шудааст.

Созишнома бо корпоратсияи Сhina Roud дар бораи корҳои таъмиру навсозии қитъаи 26-километрии Шкев-Қалъаи Хумб бо маблағгузории ҳудуди 50 млн доллар ҳанӯз соли 2018 ба имзо расида буд.

Дар лоиҳаи созишнома инчунин сохтмони се пул бо масофаи умумии 74 метр пешбинӣ шудааст.

Сармоягузорӣ ба лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои ҷалбшудаи Бонки исломии рушд, Фонди рушди Саудӣ, Фонди рушди Кувейт, Фонди Абу-Дабӣ, Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК), инчунин саҳмгузории ҳукумати Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли равон зимни ироаи паём ба парлумон дар бораи ба поён расидани сохтмони қитъаи Шкев-Қалъаи Хумб то охири сол сухан гуфта, изҳор намуда буд, ки Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.