Тренинги омӯзишии баланд бардоштани қобилияти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва бунёди ҷомеаи устувор

  Тағйирёбии иқлим солҳои охир таваҷҷуҳи худро ба таҳдидҳои мавҷуда, аз ҷумла таназзули экосистема ва ифлосшавии муҳити зист, ҷалб намудааст. Масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва амалисозии чораҳои мутобиқсозӣ ҷиҳати табдил додани кишвар ба як ҷомеаи тобовар ва устувор ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим бояд роҳандозӣ карда шаванд. Бо назардошти ин, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Мутобиқсозӣ ба тағирёбии иқлим […]

 

Тағйирёбии иқлим солҳои охир таваҷҷуҳи худро ба таҳдидҳои мавҷуда, аз ҷумла таназзули экосистема ва ифлосшавии муҳити зист, ҷалб намудааст. Масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва амалисозии чораҳои мутобиқсозӣ ҷиҳати табдил додани кишвар ба як ҷомеаи тобовар ва устувор ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим бояд роҳандозӣ карда шаванд.

Бо назардошти ин, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Мутобиқсозӣ ба тағирёбии иқлим дар асоси технология” Агентии Оғохон оид ба макони зист (AКАН) тренинги омӯзиширо роҷеъ ба баланд бардоштани қобилияти намояндагони идораҳои дахлдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ноҳияҳои Панҷакент, Мӯъминобод, Ховалинг, Рӯдакӣ ва Ваҳдат, инчунин раисони деҳот ва шарикони рушд (GIZ, ФАЗО CartONG) баргузор намуд. Зимни нишаст масъалаҳои фароҳам овардани заминаи хуб барои ҳамкорӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои тағирёбии иқлим дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳадафи ин лоиҳаи таҳкими иқтидор ва баладн бардоштани қобилияти  ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаҳои осебпазир дар панҷ минтақа, аз чумла ноҳияҳои Ховалинг, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Панҷакент ва Мӯъминобод барои таҳия ва татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва ҳифзи маҳаллаҳо равона шудааст. Лоиҳаи мазкур аз омӯзиш, банақшагирии муштарки ҷонибҳои манфиатдор, таҳияи нақшаҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва амалисозии тадбирҳои муассири дар асоси технология интихобшуда иборат мебошад.

Дар рафти амалисозии лоиҳа мутахассисони AКАН дар 11 деҳа (аз қабили Артуч, Якахона, Момодиён, Лоҳур, Кулолон, Сангара, Сайдон, Чашмаи Нав, Тавиш ва Тавиши Боло) маҷлисҳои омӯзишӣ ҷиҳати мубодилаи маълумот тадқиқоти саҳроӣ марбут оид ба таҳияи нақшаи мутобиқшавӣ баргузор намуданд.

Дар таҳияи нақшаҳои мутобиқшавӣ ба тайғирёбии иқлим ҷонибҳои манфиатдор, раисони панҷ ноҳия ва панҷ ҷамоату деҳот,  гурӯҳҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки аллакай дар нақшаи рушди деҳот (НРД) саҳми худро гузоштаанд. Нақшаҳои мутобиқшавӣ маълумот ва донишҳои марбут ба тағирёбии иқлим, оқибатҳои он ва тадбирҳои мутобиқшавиро дар бар мегирад, ки ҷиҳати қабули ҳарчи зудтари қарорҳо дар сатҳи маҳаллӣ муосидат менамояд.

Менеҷери лоиҳа Шодихон Мирзоҳасанов иброз намуд, ки “Чунин як нишасти омӯзишӣ дар сайқал додани қобилияту маллакаҳои муассисаҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳия ва ҳамгироии нақшаҳои рушди деҳот, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳалли оқибатҳои он дар соҳаҳои гуногун мусоидат хоҳад кард”.

Дар бораи лоиҳаи муштараки GIZ-AKAH: “Мутобиқсозӣ ба тағирёбии иқлим дар асоси технология” лоиҳаи муштараки AKAH ва GIZ буда,  аз ҷониби AKAH ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон BMZ ва GIZ маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи асосии лоиҳа ҳамкорӣ бо ҷамоатудеҳот дар панҷ минтақаҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани қобилияти онҳо дар мутобиқшавӣ ба оқибатҳоитайғирёбии иқлим тавассути банақшагирӣ ва чораҳои мувофиқи ба далел асосёфта мебошад. Ҳадафи умумӣ аз рӯи меъёрҳои зерин аз қабили таҳия ва амалисозии барномаи баланд бардоштани қобилияти ҷомеа; таҳияи нақшаҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва мусоидат барои татбиқи нақшаҳои хурди мутобиқсозӣ дар маҳаллаҳои таҷрибавӣ роҳнамоӣ карда мешавад.

Дар бораи Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист (АКАН): Агентии Оғохон оид ба макони зист таҷрибаи Фокус – Кӯмаки Башардӯстона, Ташаббуси Шабакаи рушди Оғохон дар самти идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, хадамоти банақшагирӣ ва сохтмони Оғохон , Фонди Шоҳзода Садриддин Оғохон оид ба муҳити зистро муттаҳид менамояд.

АКАН фаъолияти худро барои таъмин намудани бехатарии зиндагии одамон дар макони зист, ки то ҳадди имкон аз таъсири офатҳои табиӣ эминанд, ҳолати омодагӣ ва посухдиҳӣ ба офатҳои табиӣ аз ҷониби сокиноне, ки дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд ва инчунин шароити дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, ки имкониятҳои васеъ ва сифати беҳтарини ҳаёт оварда мерасонанд, роҳандозӣ мекунад. Дар мадди аввал, самтҳои афзалиятноки АКАН Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сурия, Покистон ва Ҳиндустон хоҳанд буд ва нақшаи минбаъдаи он фаъолияти худро дар Осиёи Марказӣ ва инчунин дар Африқои Шарқӣ густариш хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.