Лигаи футболи Тоҷикистон ҷоизадорони мавсимро эълон кард

Имрӯз дар маҷмааи “Кохи Суруш”-и пойтахт маросими пуршукӯҳи тақдими мукофотҳои Лигаи футболи Тоҷикистон доир гардид. Аз рӯи натиҷаҳои мавсими гузашта дар лигаи олӣ ва якум, инчунин мусобиқа байни ҷавонон (дастаҳои дуюм) беҳтаринҳо муайян шуданд. Ҳамчунин нишонзанҳои беҳтарини лигаи олӣ ва якум ба мукофотҳои худ соҳиб шуданд. Дар ҳар кадоме аз номинатсияҳо се нафар довталабон буданд. […]

Имрӯз дар маҷмааи “Кохи Суруш”-и пойтахт маросими пуршукӯҳи тақдими мукофотҳои Лигаи футболи Тоҷикистон доир гардид. Аз рӯи натиҷаҳои мавсими гузашта дар лигаи олӣ ва якум, инчунин мусобиқа байни ҷавонон (дастаҳои дуюм) беҳтаринҳо муайян шуданд.

Ҳамчунин нишонзанҳои беҳтарини лигаи олӣ ва якум ба мукофотҳои худ соҳиб шуданд. Дар ҳар кадоме аз номинатсияҳо се нафар довталабон буданд.

Мувофиқи овоздиҳии Лигаи олии футболи Тоҷикистон бозигарони зерин ба ҷоизаҳои инфиродии мавсими футболи соли 2021 сазовор дониста шуданд:

Бозингари беҳтарини Лигаи якум

Далер Шарипов («Пахтакор»);

Нишонзани беҳтарини Лигаи якум

Абдуфаттоҳ Худойдодзода («Локомотив-Помир»);

Мураббии беҳтарини Лигаи якум

Ҳикмат Фузайлов («Регар-ТадАЗ»);

Бозингари беҳтарини мусобиқа байни ҷавонони Тоҷикистон

Аминҷон Алиаҳмадов («Равшан»);

Мураббии беҳтарини мусобиқа байни ҷавонони Тоҷикистон

Шарифҷон Зиёев («Хуҷанд»);

Довари беҳтарин

Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе);

Дарвозабони беҳтарин

Рахат Ҷапаров (КМВА, ЦСКА);

Ҳимоятгари беҳтарин

Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»\»Персеполис»);

Нимҳимоятгари беҳтарин

Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА);

Ҳамлагари беҳтарин

Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»);

Легионери беҳтарини чемпионати Тоҷикистон

Артём Сердюк («Хуҷанд»);

Мураббии беҳтарин

Виталий Левченко («Истиқлол»);

Нишонзани беҳтарини Лигаи олӣ

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Рӯзи шанбе, 25 декабр дар маҷмааи “Кохи Парфенон” дар Душанбе маросими тақдими ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин маросим ғолибон дар панҷ номинатсия – чеҳраи умедбахши Лигаи наврасон, футзалисти беҳтарин, футболбоззани беҳтарин, бозингари беҳтарини Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ мекунад ва футболбози беҳтарини сол эълон мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.