Ҳуриннисо Ализода раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд

Имрӯз, 24 декабр дар ҷаласаи солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори омма (ВАО)-и Тоҷикистон журналист Ҳуриннисо Ализода роҳбари нави шӯро интихоб шуд. Интихоби Ализода дар ин мақом дар ҷаласаи солонаи шӯро, ки ҳоло дар меҳмонхонаи “Хилтон” ба ҳадафи интихоби раиси ҷадиди Шӯрои ВАО бо иштироки мақомоти давлатӣ, масъулони созмонҳои байналмилалӣ, хабарнигорон, сармуҳаррирони расонаҳои чопиву электронӣ идома дорад, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 24 декабр дар ҷаласаи солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори омма (ВАО)-и Тоҷикистон журналист Ҳуриннисо Ализода роҳбари нави шӯро интихоб шуд.

Интихоби Ализода дар ин мақом дар ҷаласаи солонаи шӯро, ки ҳоло дар меҳмонхонаи “Хилтон” ба ҳадафи интихоби раиси ҷадиди Шӯрои ВАО бо иштироки мақомоти давлатӣ, масъулони созмонҳои байналмилалӣ, хабарнигорон, сармуҳаррирони расонаҳои чопиву электронӣ идома дорад, сурат гирифт.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин, гузориш дар бораи натоиҷи мониторинг ва таҳлили муҳтавои меъёрҳои ахлоқӣ дар расонаҳои чопӣ ва интернетии Тоҷикистон шунида шуд.

– 70 расонаи чопӣ ва 10 ВАО-и электронӣ 472 маротиба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро нақз кардаанд. Мониторинг ва таҳлил дар асоси Кодекси ахлоқии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон сурат гирифт,- зикр шуд дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО.

Дар ин ҷаласа Илҳоми Ҷамолиён, Раҷаби Мирзо ва Носирҷон Маъмурзода аъзои нави раёсати Шӯрои ВАО интихоб шуданд. Дар умум ин Шӯро 9 узви раёсат дорад.

Дар қисмати ниҳоии ҷаласа интихоби раиси Шӯрои ВАО сурат гирифт. Ҳуриннисо Ализода, корманди нашрияи “Минбари халқ” бештари раъйҳоро соҳиб шуд ва раиси нави Шӯрои ВАО интихоб гардид.

Ӯ дар гузашта, ба ҳайси муовини раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” кор кардааст.

Гуфта мешавад, ки ду соли охир пайиҳам сармуҳаррири ҳафтаномаи ҳизбии “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов, роҳбарии Шӯрои ВАО-ро ба уҳда дошт.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО як созмони мустақили рӯзноманигорӣ буда, аз ҳуқуқи хабарнигорон ҳимоят мекунад ва маводи онҳоро дар мавриди риояи одоби касбӣ таҳлил мекунад.

Қаблан раёсати Шӯрои ВАО-ро Зиннатулло Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев, Хуршеди Атовулло, Шаҳло Акобирова ва Бахтиёр Ҳамдамов бар уҳда доштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.