Сафорати Тоҷикистон вазъи тоҷикони дармонда дар фурудгоҳи Домодедоворо пайгирӣ дорад

Сафорати Тоҷикистон дар Русия масъалаи марбут ба  шаҳрвандони  Тоҷикистонро, ки дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москва дармондаанд, мавриди пайгирию назорат қарор додааст. Тавре дар саҳифаи сафорат дар Facebook хабар дода мешавад, кормандони сафорат вобаста ба масъалаи мазкур  бо ширкатҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави Русмия овардаанд, гуфтушунид анҷом дода, дар натиҷа  то 3 январ қисми зиёди […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия масъалаи марбут ба  шаҳрвандони  Тоҷикистонро, ки дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москва дармондаанд, мавриди пайгирию назорат қарор додааст.

Тавре дар саҳифаи сафорат дар Facebook хабар дода мешавад, кормандони сафорат вобаста ба масъалаи мазкур  бо ширкатҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави Русмия овардаанд, гуфтушунид анҷом дода, дар натиҷа  то 3 январ қисми зиёди ин шаҳрвандон ба  Ватан баргардонида шуданд.

“Масъалаи баргардонидани мусофирони  боқимонда низ мавриди баррасии мақомоти дахлдори Русия қарор дорад”, – омадааст дар хабари сафорат.

Гуфта мешавад, сабаби манъи вуруди шаҳрвандони мазкур шомил будани номҳояшон дар рӯйхати мамнуъшудагон аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия арзёбӣ гардидааст.

Зикр мегардад, ки сафорат  пайваста чунин ҳолатҳоро пайгирӣ намуда, мусоидати хешро  ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ мунтазам анҷом медиҳад.

“Барои рӯ ба рӯ нашудан бо чунин мушкилот, сафорат аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бори дигар эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки минбаъд қабл аз сафар ба қаламрави Русия ному насабашонро   дар Ватан барои иҷозати вуруд тафтиш намоянд”, – таъкид мешавад дар хабар.

Қаблан ВАО хабар дода буданд, ки зиёда аз 40 нафар муҳоҷирони тоҷик, ки нисбаташон дар бораи ихроҷ аз Русия қарор содир шудааст, шаби Соли навро дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав гузаронидаанд.

Дастурамали зина ба зинаи санҷиши доштан ё надоштани манъи вурудро ба Русия аз маводи мо “Бисанҷ, вурудат ба Русия манъ аст? Дастурамали муфассал” дарёфт карда метавонед.

Дар ин мавод бошад, шумо аз чӣ гуна бекор кардани манъи фуруд огаҳӣ меёбед: “Вурудатон ба Русия манъ аст? Онро метавон бекор кард”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.