Ронандаи пирамардро пахш кардаву аз ҷойи ҳодиса фирорнамуда боздошт шуд

Дар шаҳри Душанбе кормандони милитсия ронандаеро боздошт намуданд, ки бо автомашинааш пирамарди 74-соларо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор карда буд. Тавре ки Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, субҳи 1 январ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ навор видео аз ҷойи ҳодисаи мазкур  нашр шудааст. Тавре ки аз тамошои навори видео бармеояд, пас […]

Дар шаҳри Душанбе кормандони милитсия ронандаеро боздошт намуданд, ки бо автомашинааш пирамарди 74-соларо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор карда буд.

Тавре ки Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, субҳи 1 январ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ навор видео аз ҷойи ҳодисаи мазкур  нашр шудааст.

Тавре ки аз тамошои навори видео бармеояд, пас аз пахши пиёдагард ронандаи автомашина ба ҷойи даъвати мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, аз ҷойи ҳодиса мегурезад.

Нашри ин навор мавриди танқиди шадиди шаҳрвандон қарор гирифта, аз Раёсати ВКД дархост шуд, ки нисбат ба ронандаи фирорӣ чорааҳои дахлдор рӯйи даст гирифта шавад.

Тибқи маълумоти Раёсат, бар асари зарбаи автомашина ба пирамард, дар ҷои ҳодиса як ҷуфти рақами қайди давлатии 5812FF01 аз автомашина канда шуда афтидааст, ки бо ҳамин рақам ронанда дарёфт ва боздошт шудааст.

Раёсат сурати ронандаро нашр карда, лекин дар бораи ному насаб ва дигар ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла вазъи солимии пирамарди ҷабрдида маълумот намедиҳад. Ба зангҳои телефони хадамоти матбуоти Раёсат посух намедиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.