Русия, Чин, ИМА, Британияи Кабир ва Фаронса ба пешгирии ҷанги ҳастаӣ даъват карданд

Сарони панҷ кишвар – Русия, Чин, ИМА, Британияи Кабир ва Фаронса, ки дорои силоҳи ҳастаӣ (ядроӣ) мебошанд, “дар мавриди пешгирии ҷангии ҳастаӣ ва роҳ надодан ба мусобиқаи таслиҳотӣ” изҳороти муштарак пахш намуданд. Ин санад дар сомонаи Кремл нашр шудааст. “Мо изҳор мекунем, ки дар ҷанги ҳастаӣ ҳеҷ ғолибе нахоҳад буд ва ҳаргиз набояд ба он […]

Сарони панҷ кишвар – Русия, Чин, ИМА, Британияи Кабир ва Фаронса, ки дорои силоҳи ҳастаӣ (ядроӣ) мебошанд, “дар мавриди пешгирии ҷангии ҳастаӣ ва роҳ надодан ба мусобиқаи таслиҳотӣ” изҳороти муштарак пахш намуданд. Ин санад дар сомонаи Кремл нашр шудааст.

“Мо изҳор мекунем, ки дар ҷанги ҳастаӣ ҳеҷ ғолибе нахоҳад буд ва ҳаргиз набояд ба он роҳ дод.

Азбаски истифодаи силоҳи ҳастаӣ паёмадҳои хеле густардае ба бор хоҳад дошт, мо инчунин тасдиқ менамоем, ки силоҳҳои ҳастаӣ то замоне, ки вуҷуд доранд, бояд барои ҳадафҳои мудофиа, пешгирӣ аз таҳдиду чолиш ва ҷанг хидмат кунанд. Мо бар ин назарем, ки аз паҳншавии минбаъдаи чунин силоҳҳо бояд пешгирӣ карда шавад”.

Сарони панҷ давлат содиқ будани худро ба Шартномаи паҳн накардани яроқи ҳастаӣ ва мавриди ҳадафи мушакҳо қарор надодани ҳамдигар тасдиқ намуда, инчунин муҳим будани риояи созишномаҳои бисёрҷониба ва уҳдадориҳо дар бахши паҳн накардан, даст кашидан аз силоҳҳо ва назоратро аз болои силоҳу муҳимот таъкид доштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.