Ваъдаи ректорон: Яке маоши омӯзгоронро 10% зиёд мекунаду дигаре пули хобгоҳро намегирад

Ректори ду донишгоҳи Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки ба омӯзгорон ва кормандонашон кӯмаки молиявӣ мерасонанд. Яке маоши омӯзгоронро 10 фоиз баланд намуда, дигаре муаллимон ва кормандонашро аз пардохти маблағи хобгоҳ барои як сол озод кардааст. Дар ин бора масъулини донишгоҳҳо дар ҷаласаҳои солонаи худ хабар додаанд. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода дар ҷаласаи солонаи донишгоҳ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ректори ду донишгоҳи Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки ба омӯзгорон ва кормандонашон кӯмаки молиявӣ мерасонанд. Яке маоши омӯзгоронро 10 фоиз баланд намуда, дигаре муаллимон ва кормандонашро аз пардохти маблағи хобгоҳ барои як сол озод кардааст. Дар ин бора масъулини донишгоҳҳо дар ҷаласаҳои солонаи худ хабар додаанд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода дар ҷаласаи солонаи донишгоҳ гуфтааст, аз 1 сентябри соли равон маоши муаллимонро 10 фоиз баланд мебардоранд.

Ҳамин тариқ, ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонзода ҳам ваъда кардааст, ки ҳамаи омӯзгорон ва кормандони донишгоҳро аз пардохти маблағи хобгоҳ барои соли 2022 пурра озод менамояд.

Масъулини Донишгоҳи тиҷорат навиштанд, ки дар хобгоҳи донишгоҳ алҳол беш аз 60 оилаи омӯзгор ва корманди донишгоҳ истиқомат доранд ва маблағи моҳонаи иҷора 360 сомониро ташкил медиҳад.

Дастгирии молиявии омӯзгорон ва кормандони донишгоҳҳо дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ моҳи декабр соли гузашта гуфт, ки шурӯъ аз моҳи июни соли равон маоши кормандони буҷавӣ то 25 фоиз баланд карда мешавад.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки омӯзгорони донишгоҳҳу донишкадаҳои кишвар ба ғайр аз буҷети давлатӣ ҳамчунин, аз ҳисоби шартномаи донишҷӯён низ ба маошашон зам мешавад ва ҳамин тариқ як маоши мукаммалро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки аз маблағе ки омӯзгорон аз ҳисоби шартномаи донишҷӯён мегиранд, ба унвони илмӣ ва соати дарсии онҳо вобастагӣ дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.