Роҳи Душанбе-Чанок бар асари фаромадани тармаҳо муваққатан баста аст

Роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бар асари фаромадани тармаҳо, ки айни замон ба тозакунии онҳо машғуланд, то ҳол баста аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS, ки масъули дар ҳолати коршоям нигоҳ доштан ва хидматрасонӣ дар ин роҳ аст. “Кормандони IRS оқибатҳои тармафароиро бартараф намуда, роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард мекунанд. Мо ҳамаҷониба кӯшиш карда […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бар асари фаромадани тармаҳо, ки айни замон ба тозакунии онҳо машғуланд, то ҳол баста аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS, ки масъули дар ҳолати коршоям нигоҳ доштан ва хидматрасонӣ дар ин роҳ аст.

“Кормандони IRS оқибатҳои тармафароиро бартараф намуда, роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард мекунанд. Мо ҳамаҷониба кӯшиш карда истодаем, ки оқибатҳои тармафароиро бартараф намуда, ҳамин рӯз роҳро боз кунем”, – гуфт манбаъ аз ширкат.

Ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯз дар қитъаи аз 48 то 73-уми роҳ 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 метр ва паҳноии то 200 метр аз роҳ тоза шудаанд.

Гуфта мешавад, кормандони филиал дар минтақаи Зарафшон ба ронандагон ва мусофироне, ки дар ин ҷо қарор доштанд, дар робита ба муваққатан басташавии роҳ хӯрокворӣ тақсим кардаанд.

“Шаҳрвандоне ҳастанд, ки вақте роҳ ба хотир амнияти онҳо баста мешавад, изҳори норозигӣ мекунанд ва мегӯянд, ки чун роҳ пулакӣ аст, бояд ҳамеша кушода бошад. Мо ҳам ҷонибори онем, ки автомшаинаҳо озодона дар ҳаракат бошанд. Лекин офатҳои табиӣ баъзан ба ин кор монеъа эҷод мекунанд. Раҳбарияти IRS бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки то эълони боз шудани роҳ ва ба хотири бехатарии худи онҳо, аз сафар худдорӣ кунанд”, – изҳор доштанд дар филиали IRS.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январ низ дар чанде аз қитъаҳои ин роҳ 14 тарма фаромада, ҳудуди 25 автомашина дар роҳ банд монда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.