Маъмури интернет-кафе барои роҳ додани наврасон ба бозӣ 5 рӯз ҳабс шуд

Ба маъмури 20-солаи як маркази бозиҳои компютерӣ дар Душанбе Аҳтами Рустам, ки ноболиғонро ба марказ ба бозӣ роҳ додааст, бо қарори суд 5 шабонарӯз ҳасби маъмурӣ ҷазо таъин шуд. Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, қонуншиканӣ дар ҷараёни рейди навбатии кормандони милитсия дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ошкор шудааст. “Дар […]

Ба маъмури 20-солаи як маркази бозиҳои компютерӣ дар Душанбе Аҳтами Рустам, ки ноболиғонро ба марказ ба бозӣ роҳ додааст, бо қарори суд 5 шабонарӯз ҳасби маъмурӣ ҷазо таъин шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, қонуншиканӣ дар ҷараёни рейди навбатии кормандони милитсия дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ошкор шудааст.

“Дар натиҷаи баргузории рейди навбатӣ ошкор карда шуд, ки дар нуқтаи бозиҳои компютерӣ воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ-40 ноболиғони зиёде дар вақти дарс машғули бозиҳои зараровари компютерӣ ҳастанд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, нисбати волидони наврасони боздоштшуда низ санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз моҳи июни соли 2017 бо қарори раиси шаҳри Душанбе вуруд ва будубоши ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона манъ шуд.

Ин қарор бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгирии содиршавии ҳар гуна қонунвайронкуниҳо аз тарафи ноболиғон ё бо иштироки онҳо, иҷрои дастурҳои Президенти мамлакат содир шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли 2018 тибқи тағйирот ба қонунгузории кишвар, ба шаҳрвандони ноболиғи кишвар аз соати 18-и шом то 6-и субҳ ҳузур доштан дар маҳфилҳои шомгоҳӣ, маҳфилҳои рақсу мусиқӣ (дискотекаҳо), марказҳои компютерӣ, идораҳои букмекерӣ, тарабхонаҳо ва дигар марказҳои дилхушиву қиморхонаҳо қатъиян манъ шуд. Манъи ҳузур дар ин ҷойҳо дар вақти муқарраршуда ба ҳамаи шаҳрвандони синни то 18-сола дахл дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.