Дар Тоҷикистон айни замон 13 лоиҳаи давлатӣ дар бахши нақлиёт амалӣ мешавад

Зимни мулоқот бо ҷалби кормандони соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе рӯзи 18 январ зикр шуд, ки имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ҷараён дорад. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, муовини раиси пойтахт Фирдавс Саидзода изҳор намуд, ки имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Зимни мулоқот бо ҷалби кормандони соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе рӯзи 18 январ зикр шуд, ки имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ҷараён дорад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, муовини раиси пойтахт Фирдавс Саидзода изҳор намуд, ки имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 млрд сомонӣ идома дорад, ки “барои ба кишвари муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад”.

Дар ин вохӯрӣ ба ҳозирин бандҳои муҳими Паёми ҳамасолаи президенти ҷумҳурӣ ба парлумон шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 12 январ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2021 раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ изҳор дошта буд, ки азнавсозӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори пойтахт, махсусан, таҷдиду азнавсозии роҳҳо заминаи муҳими рушди минбаъдаи шаҳр маҳсуб меёбад.

“Дар зарфи 5 соли охир дар пойтахт 162 километр роҳҳо азнавсозӣ карда шудаанд, ки 7,7 километри он ба соли сипаришуда рост меояд. Мақомот ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии сел ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то имрӯз 16 километр шабакаҳои селпарто сохта, ба истифода дода шудаанд”, – гуфт ӯ.

Ҳамчунин зикр шуд, ки бо мақсади дастгирии соҳаи роҳсозӣ дастгоҳи истеҳсоли асфалти аълосифат бо иқтидори 160 тонна дар як соат ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 140 тонна дар як соат ба маблағи 16 млн сомонӣ харидорӣ гардид, ки соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Рустами Эмомалӣ зикр кард, ки барои санҷиши масолеҳи сохтмони роҳ соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Италия 110 дастгоҳи озмоишгоҳӣ ворид мегардад ва ҳамаи ин иқдомот баҳри баланд бардоштани сифати масолеҳи роҳсозӣ ва сохтмони роҳҳо равона шудаанд.

Раиси пойтахт вобаста ба ҳолатҳои кашол додани муҳлати иҷрои корҳо дар баъзе иншооти роҳсозӣ, истифодаи масолеҳи пастсифат ва баъди ба истифода додани роҳҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ пайдо шудани ноҳамвориҳо, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои соҳа ва дар муҳлати муқарраршуда мутобиқ ба стандартҳои муосир сохта ба истифода додани роҳҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.