Марги мармузи як ронандаи ширкати муштараки Тоҷикистону Чин дар Зарнисор

Як корманди "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин" дар шаҳраки Зарнисор (собиқ Олтинтопкан)-и шаҳри Гулистон бар асари ҳодисаи фавқулодае ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса субҳи 18-уми январ ба вуқуъ пайваста, аз корманди фавтида ронандаи 34-сола ном мебаранд. Манобеи “Азия-Плюс” аз ҷавони ба ҳалокатрасида Раҳмат Боқиев 34-сола ном мебаранд, ки зимни иҷрои вазифа дар як садама ба ҳалокат расидааст. Ӯ сокини […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Як корманди "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин" дар шаҳраки Зарнисор (собиқ Олтинтопкан)-и шаҳри Гулистон бар асари ҳодисаи фавқулодае ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса субҳи 18-уми январ ба вуқуъ пайваста, аз корманди фавтида ронандаи 34-сола ном мебаранд.

Манобеи “Азия-Плюс” аз ҷавони ба ҳалокатрасида Раҳмат Боқиев 34-сола ном мебаранд, ки зимни иҷрои вазифа дар як садама ба ҳалокат расидааст. Ӯ сокини шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон буда дар конҳои ширкат ронандагӣ мекард. Фарзияҳое низ вуҷуд дорад, ки гӯё ин ронанда бар асари фурӯрезии шахта ба ҳалокат расидааст. Вале то ба ҳол ҷузъиёти дақиқи марги ин ронандаро масъулин нагуфтаанд.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Гулистон бидуни зикри номаш гуфт, Раҳмат Боқиев ронандаи нақлиёти трактори ПДМ буда, рӯзи 18-уми январ зимни ҳамвор кардани боқимондаҳои канданиҳои кӯҳӣ трактораш чапа шудааст.

“Вақте боқимондаи канданиҳои кӯҳиро оварда мерезанд, ин ронанда бо трактори ПДМ  ҳангоми ҳамворкунии он ба чуқурӣ чаппа мешавад ва дар ҷойи садама ба ҳалокат мерасад. Бояд дар ин шабу рӯзҳо комиссияи Хадамоти бехатарии техникӣ ояд ва боз сабабҳои марги ӯро дақиқ кунанд”, – гуфт манбаъ.

Масъулини "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин",ҷузъиёти ҳодисаи марги ин ронандаро то ҳол шарҳ надодаанд. Зафар Зарипов, намояндаи ин ширкат дар Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ ҷузъиёти ин садамаро шарҳ надод ва гуфт “ҳодиса ду рӯз пеш рух додааст, ман низ дар Душанбе ҳастам ва худи ман низ иттилоъи дақиқ надорам. Комиссияи давлатӣ меравад тафтиш мекунад, баъд маълум мегардад, ки чӣ гапу коре рух додааст”.

Аз ин ронандаи ҳалокшуда ду фарзанди ноболиғ боқӣ мондааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.