“Хонаҳои баландошёна халал мерасонанд”. Хадамоти алоқа сабаби суръати пасти интернетро шарҳ дод

Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бад шудани хидматрасониҳои интернет ва алоқаи мобилиро ба сохтмони босуръати хонаҳои баландошёна ва камбуди неруи барқ дар кишвар рабт медиҳанд. Зимни нишасти матбуотии рӯзи 31 январ муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев ба саволи рӯзноманигорон дар бораи сабаби бад будани сифати интернет ва алоқаи мобилӣ посух дод, ки дарвоқеъ ҳам […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бад шудани хидматрасониҳои интернет ва алоқаи мобилиро ба сохтмони босуръати хонаҳои баландошёна ва камбуди неруи барқ дар кишвар рабт медиҳанд.

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 31 январ муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев ба саволи рӯзноманигорон дар бораи сабаби бад будани сифати интернет ва алоқаи мобилӣ посух дод, ки дарвоқеъ ҳам чунин ҳолат ба мушоҳида мерасад.

“Айни замон мо суръати интернети воридшавандаро аз 70гиг/с-и қаблӣ то ба 100гиг/с расонидем. Шояд рӯзҳои наздик боз зиёдтар шавад. Сифати алоқа ва интернет тавре гуфтам, каме бад шуда, арзу шикоят аз тамоми минтақаҳои кишвар зиёд аст. Ба ин якчанд омил, аз ҷумла камбуди неруи барқ, мавҷуд набудани генераторҳои дизелӣ ва дигар сабаҳо таъсир мерасонад. Айни замон барои бартараф намудан ин мушкилот кор карда истодаем”, – гуфт Атоев.

“Хонаҳои баландошёна халал мерасонанд”

Атоев ҳамчунин сабаби бад шудани хидматрасонии интернетро ба рушди соҳаи сохтмон ва бунёди босуръати биноҳои баландошёна дар кишвар марбут донист.

“Хурсандиовар аст, ки дар бархе аз минтақаҳои кишвар соҳаи сохтмон дар ҳоли рушди босуръат қарор дошта, биноҳои баландошёна сохта мешаванд, ки дар қитъаҳои ҷудогона баъзан халал эҷод мекунанд. Ин масъала аллакай ҳал шуда истодааст: дастур додем, ки дар ҳамаи ин биноҳо пойгоҳҳои заминавии ширкатҳои мобилӣ бо стандартҳои дахлдори 4G, LTE ва ғайра насб шаванд. Ин корҳо аввал дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ва сипас дар дигар минтақаҳо анҷом дода мешаванд”, – иброз дошт Атоев.

Илҳомҷон Атоев ҳамчунин ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки дар робита ба бад шудани сифати хидматрасонии алоқаи мобилӣ арзу шикоят бисёр буда, муроҷиати 45 нафар сокинони шаҳриҲисорро мисол овард:

“Сокинони Ҳисор дар муроҷиаташон изҳор намуданд, ки сифати алоқаи мобилӣ бад шудааст. Мо чораҷӯӣ намуда, дар мавриди бартараф намудани ин мушкилот гуруҳ ташкил кардем. Айни замон ин гуруҳи кормандон дар маҳал сабабҳои ин мушкилотро таҳқиқ мекунанд”.

Ба гуфтаи Атоев, ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 4,2 млн нафар аз хидматрасониҳои шабакаи Интернет истифода мебаранд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони интернет ҳамарӯза аз сифати хидматрасониҳои он ва алоқаи мобилӣ арзу  шикоят намуда, аз мақомот даъват мекунанд, ки барои ҳалли ин мушкилот чораҷӯӣ кунанд.

Қобили зикр аст, ки дар радабандии  нави Speedtest Global Index, ки суръати интернети мобилиро дар 138 кишвари ҷаҳон таҳқиқ кардааст, дида мешавад, ки  Тоҷикистон бо суръати 7,57 мегабит дар сония (Mbps) ва боргирӣ (скачивание) – 4.07 Мб/с дар мавқеи 134-ум миёни ин кишварҳо ҷой гирифтааст.

Поёнтар аз Тоҷикистон дар радабандии суръати интернети мобилӣ Венесуэла, Фаластин ва Афғонистон қарор доранд.

Аз лиҳози интернети бисёрхатаи сабтшуда (интернети ноқилӣ) дар давоми як моҳ Тоҷикистон аз зинаи 117-ум ба зинаи 120-ум поин фаромад. Суръати миёнаи боргирӣ дар интернети ноқилӣ дар ҷумҳурӣ 16,63 Мб/с ва боргузорӣ (загрузка) – 14,75 Мб/с зикр шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.