Сафорат иштироки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар занозании гурӯҳӣ дар Маскав таҳқиқ мекунад

Дар шаҳри Маскав байни муҳоҷирон, эҳтимол шаҳрвандони Тоҷикистон занозании гурӯҳӣ ба вуқӯъ пайваст. Мақомоти пулис 66 қонуншикани эҳтимолиро боздошт намуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки то ҳол тасдиқ нашудааст, ки дар ин занозании гурӯҳӣ […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар шаҳри Маскав байни муҳоҷирон, эҳтимол шаҳрвандони Тоҷикистон занозании гурӯҳӣ ба вуқӯъ пайваст. Мақомоти пулис 66 қонуншикани эҳтимолиро боздошт намуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки то ҳол тасдиқ нашудааст, ки дар ин занозании гурӯҳӣ шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок кардаанд ё на.

“Сафорат ҷиҳати тасдиқи шахсияти ин шаҳрвандон ба мақомоти дахдори Русия муроҷиат кард. Агар тасдиқ шавад, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, сабаб ва омилҳои ин муноқишаро ошкор намуда, сипас ба ВАО дар ин бора хабар медиҳем”, – изҳор доштанд дар сафорат.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, ҷанҷолу занозании гурӯҳӣ шоми рӯзи шанбе дар минатқаи ҷануби Маскав рух додааст.

“Дар гузаргоҳи Востряково ҷанҷоли гурӯҳӣ рух дод, шояд бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон ва бо истифода аз силоҳи зарбазан. Бевосита дар занозанӣ ҳудуди 15 нафар иштирок карда, 66 нафари гумонбар ба иштирок дар ҷанҷол ба шуъбаи пулис оварда шуанд”, – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ин ҳодиса мутобиқи моддаи авбошӣ бо истифода аз силоҳ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав хабар додаанд, ки кормандони пулиси фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда аз авҷгирии занозанӣ пешгирӣ кардаанд. Зикр шудааст, ки муноқиша дар заминаи хусумати шахсӣ ба вуқӯъ пайваста, боздоштшудагон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд. Дар парвандаи ҷиноятӣ се нафар ба авбошӣ гумонбар дониста мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.