Аз ҳама зиёд Марко Поло: шумораи ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар Тоҷикистон шумораи ҳайвоноте, ки таҳти муҳофизат қарор доранд, зиёд шудааст. Баҳодур Шерализода, раиси ин Кумита дар нишасти матбуотии имрӯз гуфт, ки шумори ин ҳайвонот аз 8 то 25 дар сад зиёд шудааст. “Коршиносони мо то имрӯз афзоиши 13 ҳазору 230 архар ё гӯсфанди Марко Поло, 811 сар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар Тоҷикистон шумораи ҳайвоноте, ки таҳти муҳофизат қарор доранд, зиёд шудааст.

Баҳодур Шерализода, раиси ин Кумита дар нишасти матбуотии имрӯз гуфт, ки шумори ин ҳайвонот аз 8 то 25 дар сад зиёд шудааст.

“Коршиносони мо то имрӯз афзоиши 13 ҳазору 230 архар ё гӯсфанди Марко Поло, 811 сар бузи куҳии морхӯр, 434 сар гавазни бухороӣ, 414 гӯсфанди бухороӣ, 156 паланги барфӣ ва 560 хирси қаҳваии тиёншонӣ”,-гуфт раиси Кумита.

Дар Тоҷикистон гӯсфанди кӯҳии Марко Поло танҳо дар ноҳияи Мурғоби ҳаммарз бо Чину Қирғизистон мавҷуд аст ва паланги барфӣ низ аз ҳама беш дар манотиқи кӯҳӣ, аз ҷумла ВМКБ ба чашм мерасад. 

Соли гузашта, дар ҳамин вақт ин ниҳод гуфта буд, ки шумораи архарҳо дар Тоҷикистон ба 26 ҳазору 480 сар расидааст.

Шумори ҳайвоноти дигар, аз ҷумла бузи морхӯр то 2,7, гавазни бухороӣ аз 500 то 520, паланги барфӣ то 300-350 ва хирси қаҳваӣ то 800 сар зиёд шудаанд. 

Шикори ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон арзиши баланд дорад ва дар ҳоли ҳозир шикори гӯсфанди архар 55 ҳазор сомонӣ, бузи морхӯр 337,8 ҳазор сомонӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ 28,1 ва хирси қаҳваӣ 10,8 ҳазор сомонӣ қиммат дорад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола шикори теъдоди маҳдуди ин ҳайвонот, аз ҷумла 13 морхур, 12 гӯсфанди бухороӣ, 100-110 архар ва 10 хирсӣ қаҳваӣ иҷозат дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.