Дар Хуҷанд автобусҳои мусофиркаше мехаранд, ки газ масраф кунанд

Мақомоти шаҳри Хуҷанд тасмим дорад ҳудуди 50 автобуси замонавие бихаранд, ки бо гази табиӣ ҳаркат мекунанд. Дар ин бора Фирдавс Шарифзода шаҳрдори Хуҷанд зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод. Вай гуфт, ин гуна автобусҳоро аз корхонаи “Акиа”-и шаҳри Душанбе мехаранд. Дар ҳоле мақомоти Хуҷанд тасмими харидории ҳудуди 50 автобуси бо гази табиӣ ҳаракаткунандаро дар нақша дорад, […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Мақомоти шаҳри Хуҷанд тасмим дорад ҳудуди 50 автобуси замонавие бихаранд, ки бо гази табиӣ ҳаркат мекунанд. Дар ин бора Фирдавс Шарифзода шаҳрдори Хуҷанд зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.

Вай гуфт, ин гуна автобусҳоро аз корхонаи “Акиа”-и шаҳри Душанбе мехаранд.

Дар ҳоле мақомоти Хуҷанд тасмими харидории ҳудуди 50 автобуси бо гази табиӣ ҳаракаткунандаро дар нақша дорад, ки соли гузаштаи 2021 бар асари боло рафтани нархи сӯзишворӣ ба хусус нархи дизел чанд рӯзҳо фаъолияти мусофиркашонии автобусҳои ҷамъиятӣ қатъ шуд.

Автобусҳо феълан ягона нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии арзонтар дар дохили Хуҷанд аст, ки аз 1 то 2 сомонӣ харҷи мусофиркашонии дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳрӣ дорад. Аммо ба далели то 10 сомонӣ гарон шудани нархи сӯзишвории дизелӣ, соли гузашта автобусҳо фаъолияти муназзам надошт ва чанд моҳ дар тобистон ва ҳудуди як ҳафта дар моҳи декабр кор накарданд. 

Шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар нишасти хабарии 1-уми февралии худ ба рӯзноманигорон гуфт, “автобусҳои ҷамъиятиро то қадри имкон дастгирӣ карда истодаем ва аз буҷаи маҳаллӣ низ барои харидории сӯзишвоорӣ маблағ дода истодаем”.

Вай гуфт, дар пайи боло рафтани нархи дизел, ки асосан автобусҳо ва дигар нақлиёти хизматрасонии коммуналӣ бо ин навъи сӯзишворӣ ҳаракат мекунанд боре талоши гузаштан ба дигар навъи сӯзишвориро карданд, ки нашуд.

“Мо нақлиёти мусофиркашон ва партовкашонро, ки муҳаррики дизелӣ дорад борҳо санҷида  дидем ва мутахассионро ҳам даъват кардем, вале муҳаррики дизелиро ба газ иваз карда наметонанд. Агар дигар намуди сӯзишворӣ ё бензин мебуд, онро иваз карда метавонистем”,-гуфт раиси шаҳр.

Ин дар ҳолест, ки ду сол пештар гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ворид шуд. Вале ба ҷузъ корхонаҳои саноатӣ, ҳоло онро ҳамчун манбаъи алтернативӣ дигар намуди воситаи нақлиёт истифода намебаранд.

Масъулини  ширкати “Суғдиёнгаз”, ки таъминкунандаи гази табиӣ маҳсум меёбад қаблан дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки нуқтаҳои газпуркуниро омода карданд ва ба ҳукумат низ пешниҳод кардаанд, ки нақлиёти хизматрасонии коммуналӣ ба ин навъи алтернативии сӯзишворӣ рӯй оранд.

Масъулин мегӯянд, гази табиӣ назар ба дигар намуди сӯзишворӣ, ба хусус дизел ба маротиб арзонтар аст ва дар сурати дарёфти иҷоза то 4 сомонӣ мефурӯшанд, ки сарфаи маблағи буҷа барои харидории сӯзишворӣ ба нақлиётҳои ҷамъиятӣ бамаротиб кам мешавад.

Дар Хуҷанд соли 2018 дар доираи лоиҳаи  “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ” ва бо 26 миллион доллар қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои шаҳри Хуҷанд 100 адад автобус харидорӣ шуд. Вале бо гузашти ин солҳо қисме аз автобусҳо таъмирталаб шуданд ва ё ба далели гарон будани нархи сӯзишворӣ ин миқдор автобус мусофиркашонӣ намекунанд. Мақомоти шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ҳоло 75-80 дарсади талаботи хатсайрро бо автобусҳо таъмин карда истодаанду халос. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.