Вазорати адлия: “Соли гузашта созмонҳои ҷамъиятӣ 33 млн сомонӣ зиёдтар грант гирифтанд”

Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон соли 2021 аз хориҷи кишвар ба маблағи умумии 124 млн 507 ҳазору 732 сомонӣ грант гирифтаанд, ки 33 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст. Дар нишасти матбуотии рӯзи 2 феврал дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар бораи гирифтани грант ва кумак аз созмонҳои хориҷӣ аз […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон соли 2021 аз хориҷи кишвар ба маблағи умумии 124 млн 507 ҳазору 732 сомонӣ грант гирифтаанд, ки 33 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 2 феврал дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар бораи гирифтани грант ва кумак аз созмонҳои хориҷӣ аз ҷониби 2 ҳазору 556 созмонҳои ҷамъиятӣ (соли 2020 – 2 ҳазору 204 созмон) ба Вазорати адлия огоҳинома расид.

Тибқи маълумоти Вазорати адлия, давоми сол фаъолияти оинномавии 115  иттиҳодияи ҷамъиятӣ (соли 2020 – 75 иттиҳодия) санҷида шуд.

Зикр шуд, ки соли гузашта 1 ҳазору 148 иттиҳодияи ҷамъиятӣ (соли 2020 – 1505 иттиҳодия) ва 7 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ ба Вазорат ҳисобот пешниҳод намудаанд.

Соли 2021 бо сабаби мутобиқат надоштани ҳуҷҷатгузорӣ ба меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон сабти 105 созмони ҷамъиятӣ (соли 2020 – 111 созмон) рад карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.