Вазорати меҳнат гуфт, кӣ аз ҳама маоши бештар мегирад. ВМКБ дар ҷойи дуюм

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯзи вазорат гуфт, ки  дар соли 2021 рушди нишондиҳандаҳои асоии сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳифз шуда маоши миёна 1 ҳазору 524,4 сомониро дар мегирад. Ин маош дар муқоиса бо соли 2020 148,3 сомонӣ ё 10,8 дарсад болотар астю Дар минтақаҳо аз ҳама нишондиҳандаи баланди […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯзи вазорат гуфт, ки  дар соли 2021 рушди нишондиҳандаҳои асоии сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳифз шуда маоши миёна 1 ҳазору 524,4 сомониро дар мегирад. Ин маош дар муқоиса бо соли 2020 148,3 сомонӣ ё 10,8 дарсад болотар астю

Дар минтақаҳо аз ҳама нишондиҳандаи баланди маоши миёнаро сокинони Душанбе мегиранд, ки 2 ҳазору 254,5 сомонӣ будааст.

Андозаи ин маош дар ВМКБ 1 ҳазору 438,8 сомонӣ, дар Суғд 1 ҳазору 396,9, навоҳии тобеъ 1 ҳазору 259,5 ва вилояти Хатлон 1 ҳазору 146,3-ро дар бар мегирифтааст.

Амонзода  ҳамчунин андозаи маошро аз рӯйи соҳаҳо низ эълон кард.  Бар асоси гуфтаҳои вазир маоши аз ҳама баландро кормандони созмонҳои хориҷӣ – 11 ҳазору 333,6 сомонӣ мегирифтаанд

Дар ҷойи дувум кормандони бахши молӣ қарор доштаанд, ки ба ҳисоби миёна 4 ҳазору 159,4 сомонӣ дар моҳ маош мегирифтаанд. Дар бахшҳои дигар андозаи ин маош баробар ба 3 ҳазору 815,1 сомонӣ ва кормандони бахши алоқаву иртиботот ба ҳисоби миёна 3 ҳазору 126 сомонӣ кор мекардаанд.

Кормандони истихроҷи конҳо беш аз 2 ҳазор (2 ҳазору 786,1 с), энержӣ (2 ҳазору 713,2 сомонӣ), сохтмон (2 ҳазору 449,7 сомонӣ) мегирифтаанд.

Дар бахши саноат 1 ҳазору 960,6 сомонӣ, нақлиёт 1 ҳазору 849,3 сомонӣ маош мегирифтаанд.

Маоши пасттарро ходимони фарҳанг (1 ҳазору 389,7 сомонӣ), хидматчиёни давлатӣ (1 287,7), омӯзгорон (1 ҳазору 244,2)  ва пизишкон (1 ҳазору 025,3) мегирифтаанд.

Маоши аз ҳама пасттаринро кормандони бахши кишоварзӣ – 633,8 сомонӣ соҳиб будаанд.

Дар паёми ахири худ ба Маҷлиси Олӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон аз боло бурдани маош хабар дод, ки сар аз моҳи январ маоши кунунии  хидматчиёну кормандони мақомоти қудратӣ аз 20 то 25 дар сад ва аз якуми июли соли 2022 маоши дигар кормандони бахшҳои буҷавӣ  ва андозаи стипендияву нафақаҳо ҳам мутаносибан то 20 дар сад зиёд мешавад.

Дар ҳоли ҳозир маоши ҳадди аққал дар Тоҷикистон 400 сомон мебошад, ки аз 1 июли соли 2022 50 дар сад боло бурда мешавад ва ба 600 сомонӣ мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.