Вазири меҳнат: “Талош кардем 18,7 млн маоши муҳоҷиронро баргардонидем”

Соли 2021 зиёда аз 373 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтанд, хабар дод имрӯз, 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода. “Соли гузашта 373 ҳазору 773 нафар шаҳрвандон аз ҷумҳурӣ хориҷ шуданд, ки 352 ҳазору 385 нафари онҳо Русия ва 9 ҳазору 89 нафарашон – Қазоқистонро […]

Соли 2021 зиёда аз 373 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтанд, хабар дод имрӯз, 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода.

“Соли гузашта 373 ҳазору 773 нафар шаҳрвандон аз ҷумҳурӣ хориҷ шуданд, ки 352 ҳазору 385 нафари онҳо Русия ва 9 ҳазору 89 нафарашон – Қазоқистонро кишвари муҳоҷират ихтиёр намуданд. Дар ин сол 147 ҳазору 362 нафар шаҳрвандон ба кишвар баргаштанд”, – иброз дошт Амонзода.

Вазир зикр кард, ки соли гузашта манъи вуруди 120 ҳазору 590 тоҷикистониён ба қаламрави Русия бекор шуд.

“Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои иттилотӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон будубоши худро дар Русия расман ба қайд гузоштанд. Пас аз бақайдгирӣ онҳо худро аз хавфи ихроҷ наҷот доданд”, – изҳор дошт вай.

Ба гуфтаи вазир, соли гузашта ба Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия 24 ҳазору 229 муроҷиати шаҳрвандон ворид шуда, бо дахолати намояндагӣ 18 млн 773 ҳазор рубл маоши пардохтнашуда ба муҳоҷирон баргардонида шудааст.

Зимнан зикр шуд, ки бо мусоидати Вазорати меҳнат зиёда аз 4,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия бо кор таъмин шуданд.

Қобили зикр аст, ки маълумоти мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз ҳамдигар фарқи зиёд доранд.

ВКД Русия моҳи октябри соли гузашта хабар дода буд, ки дар зарфи 9 моҳи соли 2021 вуруди 2 млн 25 ҳазору 712 нафар муҳоҷирони тоҷик ба ин кишвар сабт шудааст, ки 1,6 млн нафари онҳо мақсади сафари худро корёбӣ зикр кардаанд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар зарфи 9 моҳи соли 2021 муҳоҷирони тоҷик ба ватан ҳудуди 1 млрд 289 млн доллар фиристодаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.