Соли 2021 дар Тоҷикистон бар асари ҳолатҳои фавқулода 42 нафар ҳалок шуданд

Соли 2021 дар Тоҷикистон бар асари ҳолатҳои фавқулода 42 нафар ҳалок шуданд, хабар дод имрӯз, 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ Рустам Назарзода. Зикр шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 8 нафар баробар буд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, соли гузашта 359 ҳолати фавқулода сабт шуда, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Соли 2021 дар Тоҷикистон бар асари ҳолатҳои фавқулода 42 нафар ҳалок шуданд, хабар дод имрӯз, 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ Рустам Назарзода.

Зикр шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 8 нафар баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, соли гузашта 359 ҳолати фавқулода сабт шуда, соли пешин (с.2020) ин рақам 213 ҳолатро ташкил дода буд.

Дар натиҷаи 52 офати табиӣ ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар ба маблағи зиёда аз 141 млн 984 сомонӣ зиёни моддӣ расидааст, ки 2,4 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2020 (зиёда аз 58 млн сомонӣ) мебошад.

Дар шарҳи зиёдшавии маблағи зиён Рустам Назарзода зикр кард, ки ин афзоиши ҳолатҳои фавқулода дар кишвар рабт дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.