Дар Тоҷикистон то 18 дараҷа гармшавии обуҳаво дар назар аст

Бар асари гармшавии обуҳаво дар рӯзҳои наздик дар роҳҳои мошингард яхбандӣ ва хатари тармафароӣ боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 9-11 феврали соли ҷорӣ дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, Туркистон, Зарафшон ва дар баъзе  минтақаҳои ғарбии ВМКБ, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб, Хоруғ-Ҷилондӣ зуҳуроти яхбандӣ ва фаромадани тарма боқӣ […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бар асари гармшавии обуҳаво дар рӯзҳои наздик дар роҳҳои мошингард яхбандӣ ва хатари тармафароӣ боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 9-11 феврали соли ҷорӣ дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, Туркистон, Зарафшон ва дар баъзе  минтақаҳои ғарбии ВМКБ, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб, Хоруғ-Ҷилондӣ зуҳуроти яхбандӣ ва фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, дар ин рӯзҳо обуҳавои пойтахт рӯзона то 15 дараҷа гарм шуда, шабона ҳарорат аз -1 то +1 дараҷаро ташкил хоҳад дод. Боришот дар назар нест.

Дар Хуҷанд рӯзона ҳарорат то ба 10 дараҷа гармӣ расида, шабона 1 дараҷа хунук мешавад. Дар ин ҷо ҳам боришот пешбинӣ нашудааст.

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, дар ин рӯзҳо ҳаво бештар дар вилояти Хатлон гарм шуда, ҳарорат рӯзона то 18 дараҷа ва шабона то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳаво рӯзона 2 дараҷа ва шабона то 14 дараҷа хунук мешавад. Рӯзи 10 феврал ҳавои тағйирёбанда ва каме боридани барф дар назар аст. Рӯзи дигар ҳам ин ҷо боришоти начандон назаррас пешбинӣ шудааст.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳо аз сафарҳои безарурат, рафтан ба мавзеъҳои тармафаро, кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, шикоргоҳ ва чорвочаронӣ худдорӣ намуда, бодиққату ҳушёр бошанд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар аз ҳолати роҳҳо огаҳӣ ёфта, зимни ҳаракат дар мавзеи кӯҳистон ё қитъаҳои хатарноки роҳ масофаи муқарраршудаи ҳаракатро байни автомашинаҳо қатъиян риоя намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ё техногенӣ шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои 112 ё  93 880 28 19 занг зананд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.