Ҳолатҳои сироятёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон 6 нафар афзуд

Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон чун рӯзи пешин 4 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, ки шумори шифоёфтагон низ дар як шабонарӯз 6 нафарро ташкил додааст. Аз замоне, ки рӯзи 21 январ Вазорати тандурустӣ ҳодисаҳои нави сироятёбиро дар кишвар эълон кард, ки […]

Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон чун рӯзи пешин 4 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ки шумори шифоёфтагон низ дар як шабонарӯз 6 нафарро ташкил додааст. Аз замоне, ки рӯзи 21 январ Вазорати тандурустӣ ҳодисаҳои нави сироятёбиро дар кишвар эълон кард, ки шумори расмии гирифторшудагон ба COVID-19 дар ин муддат  ба 263 нафар расид.

Дар сомонаи вазорат  зикр мешавад, ки дар маҷмӯъ аз оғози пандемия то ин дам дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ин беморӣ 17 ҳазору 361 нафар ва шумори умумии шифоёфтагон 17 ҳазору 213 нафар ё худ 99,1%-ро ташкил медиҳад.

То ин замон  теъдоди расмии фавтидагон моҳҳои зиёд бетағйир монда, 124 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кишвар маъракаи эмкунии аҳолии аз синни 18-сола боло  бар зидди коронавирус идома дорад. То 1 феврали соли 2022 дар Тоҷикистон 4 млн 594 ҳазору 703 нафар (79,7% аз шумори умумии аҳолии калонсол) ваксинаҳои зидди коронавирус гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 3 млн 902 ҳазору 269 нафар (67,7%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи ваксинзанӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.

Дар Тоҷикистон аз панҷ ваксинаи зидди коронавирус истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.