“Он ҷо харидор нест”. Савдогарони “Султони Кабир” дар бораи кӯчидан ба бозори “Кӯшониён”

Date:

Аз 1 март бузургтарин бозори масолеҳи сохтмон ва техникаи маишӣ дар Душанбе – “Султони Кабир” пурра баста шуд. Охирин соҳибкорон молу маҳсулоти худро аз бозор ба ҷойи нав – бозори “Кӯшониён”, воқеъ дар канори шимолии пойтахт мебаранд.

Мо имрӯз ба бозор рафта, бо чанде аз соҳибкорон ҳамсуҳбат ва аз нақшаҳои минбаъдаи онҳо огоҳ шудем.

Чанде аз онҳо изҳор намуданд, ки фаъолияти худро қатъ мекунанд.

“Баъди як моҳ ба Русия меравам, то ки барои қарзҳоямро баргардондан кор кунам. Ман фаъолиятамро қатъ мекунам, чунки ин кор ба ман фоидаовар нест. Дар ҷойи нав алҳол мизоҷ надорам, он ҷо чӣ кор мекунам. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки дар муддати як моҳ молҳои боқимондаро фурӯхта, сафар кунам”, – мегӯяд Умедҷон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соҳибкори дигар бо номи Азиз, ки дар бозори “Кӯшониён” нуқтаеро ба иҷора гирифтааст, мегӯяд, ба кор дар ҷойи нав омода аст.

“Алҳол ҳеҷ мушкилоте нест. Ояндаааш чӣ мешавад, Худо медонад, лекин умедворем, ки ҳамааш ба хубӣ меанҷомад. Хуб аст, ки моро ба муҳлати муайян аз пардохти маблағи иҷора озод карданд”, – мегӯяд Азиз.

ГАЛЛЕРЕЯ (11)











Қаблан дар вохӯрии соҳибкорони бозори “Султони Кабир” бо кормандони шаҳрдории Душанбе бархе аз соҳибкорон дар робита ба тахриби бозор изҳори норозигӣ намуда, аз мансабдорон дархост карданд, ки ҳадди ақал ба онҳо барои боз як соли дигар савдо кардан дар бозори “Султони Кабир” иҷоза бидиҳанд, лекин дархосташон қонеъ нашуд.

Кормандони шаҳрдорӣ зикр карданд, ки ин кор ғайриимкон аст, зеро тасмими ниҳоӣ аллакай гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли 2020 бозори масолеҳи сохтмони “Ҷал-Ҷам” дар Душанбе низ тахриб шуд. Дар қаламрави бозор ҳоло сохтмони манзилҳои баландошёна ва меҳмонхонаҳо ҷараён дорад.

Соҳибкорон ва савдогарони ин бозор ба қаламрави маркази савдои нави “Кӯшониён”, ки паҳлӯи Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 воқеъ аст, кӯчонида шуданд. Соҳибкорони “Султони Кабир” низ ба ҳамин ҷо кӯчиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...