Вазири нақлиёт дастур дод, ки ба мушкили додани ” рухсатномаҳо” хотима дода шавад

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур дод, ки мушкили додани рухсатномаҳо барои анҷоми ҳамлу нақли байнулмилалӣ бартараф карда шавад. “Нофаҳмиҳо дар масъалаи додани рухсатномаҳо (дозвол) барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва аз ҷониби интиқолдиҳандагони бор роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо ҳанўз ҳам аз байн нарафтааст”, – гуфтааст вазир дар ҷаласаи назоратии ин ниҳод. Тавре ки дафтари […]

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур дод, ки мушкили додани рухсатномаҳо барои анҷоми ҳамлу нақли байнулмилалӣ бартараф карда шавад.

“Нофаҳмиҳо дар масъалаи додани рухсатномаҳо (дозвол) барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва аз ҷониби интиқолдиҳандагони бор роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо ҳанўз ҳам аз байн нарафтааст”, – гуфтааст вазир дар ҷаласаи назоратии ин ниҳод.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ӯ изҳори тассуф намудааст, ки мушкилоти дастрас гардидани рухсатномаҳо аз баъзе кишварҳо ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад.

“Дар ин бора бояд чораҳои қатъӣ андешида, барномаҳои рақамикунониро ҳарчӣ зудтар ҷорӣ бояд кард, то мушкилот бартараф гардад”, – гуфтааст вай.

Дар хабар таъкид мешавад, ки масъала мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати нақлиёт қарор дошта, пайваста ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва дуруст ба роҳ мондани кор дастурҳо дода мешаванд.

“Оид ба тартиби мубодилаи рухсатномаҳо ва масоили марбута роҳбарияти Вазорати нақлиёт бо роҳбарони ҷамъиятҳои нақлиётӣ ва ронандаҳои хатсайрҳои боркашонии байналмилалӣ мулоқот намуда, масъаларо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода буд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол рухсатномаҳо бо тартиби муқарраргардида ба ҷамъиятҳои интиқолдиҳанда дастрас мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур ва иловатан дастрас намудани рухсатномаҳо тариқи роҳҳои дипломатӣ чораҳои зарурриро рўи кор овардааст.

Вазорат хотирррасон менамояд, ки гирифтани рухсатномаҳо танҳо аз дархости Вазорати нақлиёти Тоҷикистон воаста набуда, ба қонуну қоидаи давлатҳое, ки бо онҳо ҳамлу нақл дорем марбут аст.

Ёдрас мекунем, ки тирамоҳи соли гузашта зиёда аз 50 ронандаи мошинҳои боркаш дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷамъ омада, аз тамаъҷӯии ғайриқонунӣ ҳангоми гирифтани ҳуҷҷат барои интиқоли борҳои байналмилалӣ шикоят карда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.