Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ барқарор шуд

Date:

Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз ҳар ду самт барои ҳаракати автомашинаҳои сабукрав боз шуд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз ҳар ду самт барқарор шуда, лекин танҳо барои автомашинаҳои сабукрав, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS.

Ба иттилои манбаъ, онҳо кӯшиш хоҳанд кард, ки ба автомашинаҳои боркаш ҳам иҷоза шавад, лекин баъдтар.

Ёдовар мешавем, ки бар асари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ,  аз ҷумла километрҳои 48-71 муддати қариб ду рӯз ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шуда буд.

Қобили зикр аст, ки давоми ду шабонарӯз дар роҳи пайвасткунандаи марказ бо минтақаи шимол 46 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шуд, ки 12-тои онҳо бузург буданд: баландиашон – то 15 метр ва паҳноиашон – зиёда аз 180 метр.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо 3 ҳолати ба болои автомашинаҳо сарозер шудани тарма ба қайд гирифта шуд, ки хушбахтона, ба туфайли кумаки саривақтӣ аз талафоти ҷонӣ ва осеб дидани автомашинаҳо пешгирӣ карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...