Дар Тоҷикистон масунияти шаҳрвандон дар баробари CОVID-19 санҷида мешавад

Аз 14  то 19 марти соли 2022  дар Тоҷикистон ташхиси масунияти шаҳрвандон дар баробари COVID-19  бо дар назар гирифтани эҳтимолияти сироятёбӣ ба ин беморӣ, гузаронида мешавад. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ин ташхис ройгон аст.  Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ин ташхис аз сӯйи Пажуҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон муштаракан бо Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Русия гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, афроде, ки мехоҳанд дар […]

Аз 14  то 19 марти соли 2022  дар Тоҷикистон ташхиси масунияти шаҳрвандон дар баробари COVID-19  бо дар назар гирифтани эҳтимолияти сироятёбӣ ба ин беморӣ, гузаронида мешавад. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ин ташхис ройгон аст. 

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ин ташхис аз сӯйи Пажуҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон муштаракан бо Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Русия гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, афроде, ки мехоҳанд дар тадқиқоти мазкур ширкат кунанд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон: дар Душанбе (марказҳои саломатии 1,8,9,10,12,13 ва 14) Турсунзода (муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Беморхонаи марказии шаҳрӣ – КАТС ва БМШ ), Ваҳдат (КАТС ва БМШ), Ҳисор (МНДСЭ (Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ) муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон сокинони Вилояти Хатлон ба Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, вилояти Суғд ба МВНДСЭ ва КАТС-и шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Панҷакент ба КАТС ва МНДСЭ, дар шаҳри Истаравшан ба КАТС ва МНДСЭ ва дар шаҳри Исфара ба КАТС ва МНДСЭ муроҷиат кунанд.

Сабти ном барои ҳузур дар тадқиқот дар нуқтаҳои муайяншудаи шаҳру навоҳии кишвар ба гунаи электронӣ сурат мегирад. Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки шумораи нафароне, ки бояд дар тадқиқот иштирок намоянд, маҳдуд аст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои дарёфти маълуморти бештар, шаҳрвандон метавонанд ба рақами 511- Маркази зиддибуҳронии масоили марбут ба COVID-19 тамос бигиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.