НАВШУДА: Тирпарронӣ дар Чоркӯҳ. Як марзбони тоҷик кушта ва чанд тани дигар захмӣ

Субҳи имрӯз, 10-уми март дар натиҷаи тирпарронӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи ду кишвар як сарҳадбони тоҷик аз тири ҳамтои қирғизаш ҳалок шудааст. Сокинон аз захмӣ шудани ду марзбон ва чанд ғайринизомии дигар хабар медиҳанд. «Сарҳадбонони Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон (минтақаи «Ваҳдат»-и ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) гузашта, аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки ин қаламравро тарк […]

Субҳи имрӯз, 10-уми март дар натиҷаи тирпарронӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи ду кишвар як сарҳадбони тоҷик аз тири ҳамтои қирғизаш ҳалок шудааст. Сокинон аз захмӣ шудани ду марзбон ва чанд ғайринизомии дигар хабар медиҳанд.

«Сарҳадбонони Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон (минтақаи «Ваҳдат»-и ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) гузашта, аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Задухӯрди лафзӣ ба амал омад, сарҳадбонони қирғиз аввалин шуда оташ кушоданд, сарҳадбонони мо маҷбур шуданд, ҷавоб диҳанд. Дар натиҷаи тирпарронӣ як марзбони тоҷик кушта, ду сарбоз ва чанд сокини осоишта низ маҷрӯҳ шуданд», – гуфт як сокини маҳаллӣ ба «Азия-Плюс».

Дар бемористони марказии Исфара маҷрӯҳ шудани марзбонон ва афроди осоиштаро тасдиқ карданд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории қирғизии “24.kg” аз қавли Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон менависад, ки тирпарронӣ тақрибан 10 дақиқа давом карда, дар натиҷаи задухӯрд аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надидааст.

Ин хабаргузорӣ аз оғози гуфтугӯи телефонии намояндагони сарҳадии ҷонибҳо иттилоъ медиҳад ва мегӯяд, ки дар натиҷаи тиррпаронӣ аз ҷониби Тоҷикистон захмиён низ ҳастанд.

“Намояндагони сарҳадии ду кишвар музокирот доранд”,- менависад “24.kg”.

Бино ба фарзияи марзбонони қирғиз, ки 24.kg бо такя ба Неруҳои марзбонӣ хабар медиҳад, гӯё марзбонони тоҷик дар минтақаи таъинношудаи марзӣ, дар мавзеи Тескейи ноҳияи Бодканд, масири сафари пешинаи худро тағйир дода, ба мавзеи нави марзӣ мегузаранд ва аз сарҳадбоонони қирғиз талаб мекунанд, ки мавзеъро тарк кунанд. 

Дар ҳоли ҳозир бино ба иттилои хабарнигори "Азия-Плюс" дар вилояти Суғд, ҷонибҳо бар сари музокирот нишастаанд ва то кунун натиҷаи музокирот низ маълум нест. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.