Боздошти “Кафтарбоз”, нафаре, ки саркардаи як гурӯҳи муташаккили нашъаҷалоб гуфта мешавад

Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи муташакили ҷиноятӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар қочоқ, фурӯш ва гардиши беш аз 13 кг воситаи нашъадор навъи “ҳашиш”, “афюн” ва “метамфетамин” гумонбар дониста мешаванд. Ин ниҳод аз саркардаи гурӯҳ Нурулло Раҳимови 50-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки дар олами ҷиноӣ бо лаққаби “Кафтарбоз” шинос […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи муташакили ҷиноятӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар қочоқ, фурӯш ва гардиши беш аз 13 кг воситаи нашъадор навъи “ҳашиш”, “афюн” ва “метамфетамин” гумонбар дониста мешаванд.

Ин ниҳод аз саркардаи гурӯҳ Нурулло Раҳимови 50-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки дар олами ҷиноӣ бо лаққаби “Кафтарбоз” шинос аст, ном бурда навиштааст, ки ӯ ва бештари ҳаммаслаконаш пештар низ ҳабс шуда буданд.

Манбаъ аз аъзои гурӯҳи муташаккил Саъдӣ Соқиев, сокини шаҳри Душанбе, Баҳрулло Минбаев Баҳрулло сокини ноҳияи Рудакӣ, ки пештар барои одамкушӣ 14 ҳабс шуда буд, Асроридин Жаббиров, сокини Душанбе, ки пеш низ барои маомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ҳабс шуда буд ва як шаҳрванди Афғонистон, ки муваққатан дар Душанбе зиндагӣ мекард, Расули Кабир ном бурдааст.

Ин ниҳод гуфтааст, аз онҳо 13 кг 100 гр воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш”, “афюн” ва “метамфетамин” бозёфт ва мусодира карда шуд, ки гурӯҳи ҷиноятпешаи муташакил воситаҳои нашъадорро дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ соҳиб шудаанд.

– Саркардаи гурӯҳи муташакил Раҳимов Нурулло чунин вонамуд сохтааст, ки бо истифода аз парвариш ва нигоҳубини паррандаҳо, ки гуё ҷузъи асосии фаъолияти соҳибкории ӯ ба ҳисоб меравад ва ҳама даромадҳояш ба қавле аз ин ҳисоб сарчашма мегиранд, даст ба амалҳои хариду фурӯши маводи нашъадор мезадаст, – менависад Оҷонсии мазкур.

Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ки ҳангоми дастгир намудани Раҳимов бо худ 1 адад таппончаи тамғаи “Маккаров” – ро нигоҳ медошт.

Оҷонсии назорати маводи нашъаовар гуфтааст, нисбати Нурулло Раҳимов бо моддаҳои 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор), 195 (муомилот ва истифодаи моддаҳои оташзананда) ва нисбати Саъдӣ Соқиев, Баҳрулло Минбаев, Асроритдин Жабиров ва шаҳрванди Афғонистон Расули Кабир бо моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.