“Ворух, девори Ватан” – китобе, ки дар Ҳоланд нашр шуд

Дар Ҳоланд аз сӯйи интишороти "Ақли Сурх" китобе дар бораи Ворухи Тоҷикистон, ки дар баҳсои марзӣ бо Қирғизистон яке аз мавзеъҳои доғ аст, ба нашр расидааст.  Ворух як ҷамоати шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон аст, ки Қирғизистони ҳамсоя онро анклав ё бурунбум мешуморад. Аммо Тоҷикистон мегӯяд, ки он бахши комиле аз ҳудуди кишвар аст.  Бино ба иттилои "Озодӣ", китоби нав […]

Asia-Plus

Дар Ҳоланд аз сӯйи интишороти "Ақли Сурх" китобе дар бораи Ворухи Тоҷикистон, ки дар баҳсои марзӣ бо Қирғизистон яке аз мавзеъҳои доғ аст, ба нашр расидааст. 

Ворух як ҷамоати шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон аст, ки Қирғизистони ҳамсоя онро анклав ё бурунбум мешуморад. Аммо Тоҷикистон мегӯяд, ки он бахши комиле аз ҳудуди кишвар аст. 

Бино ба иттилои "Озодӣ", китоби нав "Ворух, девори Ватан" ном дорад ва аз мақолаву шеърҳо иборат аст. Ношири китоб дар пешсухан гуфтааст, "навиштаҳо ва ашъори тоҷиконеро гирдоварӣ кардаем, ки нисбат ба рӯйдодҳои чанд соли ахир дар Ворух ва даргириҳои марзии он бетараф намондаанд ва фикру ақидаи худро чи аз лиҳози илмӣ, чи аз лиҳози торихӣ ва чи дар гузоришу мушоҳидаҳо ва чакидаҳои шеърии худ дарҷ кардаанд."

Дар идома омадааст, "аз бознашри чанд сафарнигора ва мақолаҳои торихии муҳимми русӣ ва англисӣ низ худдорӣ накардем, то доманаи воқеияти торихӣ барои хонанда равшан гардад".

Китобро рӯзи 20-уми март дар Амстердам рӯнамоӣ мекунанд. Чанд нусхаи чопии китоб барои китобхонаҳои расмии Ҳолланд, Тоҷикистон ва Бритониё фиристода шуда, нусхаи электронии онро дар Интернет мегузоранд.

Интишороти "Ақли Сурх" беш аз 5 сол боз дар Ҳолланд фаъол аст. Ҳадафаш нашри осори тоҷикӣ дар хориҷ аз кишвар ва муарифии он ба алоқамандон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.