Интихоби президенти Туркманистон: натиҷаҳо имрӯз эълон мешаванд, 97 дарсад раъй додаанд

Дар Туркманистон, ки рӯзи 12 март интихоботи президентии пеш аз муҳлат баргузор шуд, 97 дарсади сокинони қобили раъй овоз додаанд. Дар ин бора Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии он кишвар иттилоъ дод. Комисия ҳамзамон хабар дод, ки дар он кишвар бештар аз 3 миллиону 435 ҳазор интихобкунанда сабти ном шуда буд. Бисёре аз коршиносон бар […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Дар Туркманистон, ки рӯзи 12 март интихоботи президентии пеш аз муҳлат баргузор шуд, 97 дарсади сокинони қобили раъй овоз додаанд. Дар ин бора Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии он кишвар иттилоъ дод.

Комисия ҳамзамон хабар дод, ки дар он кишвар бештар аз 3 миллиону 435 ҳазор интихобкунанда сабти ном шуда буд.

Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки интихоботи президентӣ дар он кишвар ба хотири интиқоли қудрат аз Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба писараш Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола ташкил шуд.

Ба ҷуз аз Сардор дар интихоботи ахири президентӣ 8 номзади дигар ширкат мекард. Аммо дар маъракаи интихоботӣ миёни номзадҳо ҳеч баҳсе сурат нагирифт.

Расонаҳо аз қонуншиканиҳои зиёде дар ҷараёни раъйдиҳӣ хабар медиҳанд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2006 Туркманистонро идора мекунад. Ҳамакнун бо ба сари қудрат овардани писараш аз президентӣ канор меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.