Комиссари олии СММ оид ба умури паноҳандагон аз Тоҷикистон боздид мекунад

Комиссари олии СММ оид ба умури паноҳандагон Филиппо Гранди рӯзҳои 17-18 март баъди анҷоми боздид аз Афғонистон бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Нодира Акбаралиева, мушовири байнулмилалӣ оид ба робита бо ҷомеаи Раёсати Комиссариати олии умури паноҳандагони СММ хабар дод. Дар доираи сафари Комиссари олӣ ба Тоҷикистон як қатор вохӯриву […]

Asia-Plus

Комиссари олии СММ оид ба умури паноҳандагон Филиппо Гранди рӯзҳои 17-18 март баъди анҷоми боздид аз Афғонистон бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Нодира Акбаралиева, мушовири байнулмилалӣ оид ба робита бо ҷомеаи Раёсати Комиссариати олии умури паноҳандагони СММ хабар дод.

Дар доираи сафари Комиссари олӣ ба Тоҷикистон як қатор вохӯриву гуфтушунидҳои ӯ дар сатҳи олӣ дар назар аст, ки дар ҷараёни он Гранди масоили марбут ба таваҷҷуҳ ба омадани гурезаҳо бо шумули талош баҳри таъмини омодагӣ ва қабули қарорҳои дарозмуҳлат барои онҳоро баррасӣ мекунад. Дар баробари вохӯриҳои расмӣ, Комиссари олӣ бо паноҳандагон дар шаҳри Ваҳдат дидору суҳбат намуда, аз қароргоҳи муваққатии гурезаҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид мекунад.

Дар ҳоле ки бӯҳрони башардӯстона ҳоло асосан дар дохили Афғонистон боқӣ мемонад, Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон бо ҳукуматҳои минтақа, аз ҷумла ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани омодагии онҳо ба вуруди эҳтимолии гурезагон ва таъмини вокуниши сохторҳои дахлдори давлатӣ тибқи талаботи ҳифзи байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад.

Тибқи маълумоти Раёсати СММ, то охири моҳи декабри соли 2021 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 773 нафар гурезаҳо ва шахсони ҷӯяндаи паноҳгоҳ ҳузур доштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.