Муҳоҷири тоҷик дар Маскав як мактабхонеро, ки ба релси метро афтода буд, наҷот дод

Шаҳрванди Тоҷикистон як мактабхони 10-соларо, ки дар роҳи метрополитени Маскав рӯи релсҳо афтида буд, наҷот дод. Тавре ки MK.ru хабар медиҳад, пештар наврас ҳамроҳи волидайнаш ба машғулиятҳои касбомӯзӣ рафта, ҳамагӣ се моҳ пеш мустақилона худаш ин корро мекардааст. Яке аз мусофирзанони метро ба рӯзноманигорон нақл кардааст, ки як марди симои осиёидошта кӯдакро ба платформа кашида […]

Шаҳрванди Тоҷикистон як мактабхони 10-соларо, ки дар роҳи метрополитени Маскав рӯи релсҳо афтида буд, наҷот дод.

Тавре ки MK.ru хабар медиҳад, пештар наврас ҳамроҳи волидайнаш ба машғулиятҳои касбомӯзӣ рафта, ҳамагӣ се моҳ пеш мустақилона худаш ин корро мекардааст.

Яке аз мусофирзанони метро ба рӯзноманигорон нақл кардааст, ки як марди симои осиёидошта кӯдакро ба платформа кашида баровардааст. Ин шахс зодаи 40-солаи Тоҷикистон будааст.

Гуфта мешавад, пас аз ин ҳодиса наврасро дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ намуда, вазъи солимии ӯ вазнин арзёбӣ мешавад.

“Ба наҷотдиҳандаи ӯ, зодаи 40-солаи Тоҷикистон лозим омад, ки бо намояндагони таъмини тартибот суҳбат кунад. Мард тамоми ҳолатҳои қазияро нақл карда, иброз дошт, ки чӣ гуна аз платформа афтидани наврасро дидааст. Ин мард 20 сол инҷониб дар Маскав зиндагӣ дошта, рӯзгорашро бо корҳо дар сохтмон ва таъмир пеш мебарад. Лекин ҳоло бекор аст”, – омадааст дар сомона.

Ин бори аввал нест, ки тоҷикон барои наҷоти одамон дар Русия ҷони худро зери хатар мегузоранд. Масалан, моҳи июни соли 2020 донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон Ҳоҷимурод Қаландаров як кӯдакро аз ғарқшавӣ дар дарёи Белое дар шаҳри Уфа наҷот дода, худаш ба соҳил баромада натавонист ва ғарқ шуд. Ӯ он рӯз ҳамроҳи дӯстонаш дар канори дарё истироҳат мекард.

Баъдан ҳукуматдорони Бошқирдистон Ҳоҷимурод Қаландаровро бо медали “Барои шуҷоат” қадрдонӣ карданд.

Дар соли 2018 низ як шаҳрванди дигари Тоҷикистон Фарзон Салимов ҷони худро зери хатар гузошта, даҳҳо нафарро аз сӯхтор дар маркази савдои “Зимняя вишня”-и Кемерово наҷот дод. Баъдан Кумитаи тафтишоти Русия ӯро бо медал сарфароз кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.