Қадрдонии зодаи Тоҷикистон барои наҷоти одамон дар Кемерово

Раиси Кумитаи тафтишотии Россия Александр Бастрикин 31 март зимни боздид аз Кемерово зодаи Тоҷикистон Фарзон Салимов ва якчанд нафар қаҳрамонони дигари фоҷиаи маркази савдои «Зимняя вишняя»–ро қадрдонӣ намуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи тафтишотии Россия, А.Бастрикин дар Кемерово бо Фарзон Салимов, Александр Калачёв, Кристина Никитина ва Дмитрий Полухин, ки дар вазъияти […]

АМИТ «Ховар»

Раиси Кумитаи тафтишотии Россия Александр Бастрикин 31 март зимни боздид аз Кемерово зодаи Тоҷикистон Фарзон Салимов ва якчанд нафар қаҳрамонони дигари фоҷиаи маркази савдои «Зимняя вишняя»–ро қадрдонӣ намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи тафтишотии Россия, А.Бастрикин дар Кемерово бо Фарзон Салимов, Александр Калачёв, Кристина Никитина ва Дмитрий Полухин, ки дар вазъияти фавқулода худро гум накарданд ва ҳаёташонро зери хатар гузошта, қаҳрамонии воқеӣ нишон доданд, алоҳида мулоқот намудааст.

«Корманди мағозаи пойафзолфурӯшӣ Фарзон Салимов ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба наҷот додани одамон аз бинои оташгирифта кумак расонд»,- гуфта мешавад дар хабарномаи Кумитаи тафтишотии Россия.

А. Бастрикин зимни супоридани мукофотҳо ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки «ин медалҳо – медалҳои ҷангӣ мебошанд ва шахсоне бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд, ки шуҷоати воқеӣ нишон додаанд».

Раиси Кумитаи тафтишотии Россия ҳамчунин зикр намуд, ки дар мулоқот бо пайвандону наздикони қурбониён ваъда додааст, ки барои пайдо намудани ҳақиқату адолат ва ҷазо додани гунаҳкорон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Фарзон Салимов зодаи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе буда, кайҳо боз дар Кемерово кору зиндагӣ мекунад. Ӯ соли 2003 баъди хатми мактаб ба Россия рафтааст. Фарзон шаҳрванди Россия буда, ҳамроҳи ҳамсар ва се фарзандаш дар Кемерово зиндагӣ мекунад.

Ёдрас мешавад, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар Кемерово 64 нафар, аз ҷумла, 41 кӯдак қурбони сӯхтор гардидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.