Дар вилояти Перми Русия барои муҳоҷирон дар бахше соҳаҳо корро мамнуъ карданд

Шаҳрвандони хориҷии машғули кор бар асоси патент дар вилояти Перм дар 11 соҳа кор карда наметавонанд, хабар медиҳад Business-class. Дар санади имзошудаи мақомот гуфта мешавад, ба хориҷиён фаъолияти навъҳои зерин манъ мешавад: дарахтбурӣ, хидматрасонӣ дар ин соҳа, арра ва ҳамвор кардани чӯбу тахта, истихроҷи нафт ва газ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ, савдои чакана дар мағозаҳои гайритахассусӣ, […]

Asia-Plus

Шаҳрвандони хориҷии машғули кор бар асоси патент дар вилояти Перм дар 11 соҳа кор карда наметавонанд, хабар медиҳад Business-class.

Дар санади имзошудаи мақомот гуфта мешавад, ба хориҷиён фаъолияти навъҳои зерин манъ мешавад: дарахтбурӣ, хидматрасонӣ дар ин соҳа, арра ва ҳамвор кардани чӯбу тахта, истихроҷи нафт ва газ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ, савдои чакана дар мағозаҳои гайритахассусӣ, савдои чаканаи нӯшокӣ ва маҳсулоти тамоку дар мағозаҳои махсус, мусофиркашонӣ дар нақлиёти шаҳрӣ, беруназшаҳрӣ ва байнишаҳрӣ, кор дар такси бо мошинҳои сабукрав.

Гуфта мешавад, ин ин амр бо мақсади тақсими захираҳои корӣ байни муҳоҷион ва аҳолии маҳаллӣ  равона шудааст.

Ба корхонаву ташкилотҳои кишвари Перм барои ивази муҳоҷирон ба шаҳрвандони Русия се моҳ муҳлат дода шудааст. Ин амр алҳол давоми соли 2022 амал мекунад. Дар сурати қабули муҳоҷирон ба кор, моликони ширкатҳо муҷозот мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аз оғози соли ҷорӣ кори муҳоҷиронро дар соҳаҳои гуногун дар 4 минтақаи Русия манъ карданд: вилояти Калуга, Ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск ва вилоятҳои Тюмену Калининград (аз октябри соли 2021).

Дар ин минтақаҳо ба муҳоҷирон рондани такси ва ҳама гуна навъи дигари нақлиёти ҷамъиятӣ, истеҳсоли ғизо барои кӯдакон, кор дар соҳаи маориф, фурӯши тамоку, машрубот ва хӯрок барои кӯдакон, расонидан (кашонидани) маҳсулот, инчунин фаъолият дар бахши тандурустӣ манъ шуд.

Боз дар баъзе минтақаҳои кишвар ба муҳоҷирон тарҷумонӣ, котибӣ, муҳаррирӣ, кор дар соҳаи кадрҳову молия ва муҳосибӣ, инчунин фаъолияти марбут ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, фурӯши чӯбу тахта, моҳидорӣ, шикор ва парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ манъ аст.

Ҳамчунин ба хориҷиён иҷоза нест, ки дар фурӯшгоҳ (киоскҳо)-и бозор, хаймаҳои савдои хӯроки тайёр, пухтани хӯрок дар фурӯшгоҳҳои сайёр ва фурӯши он кор кунанд.

Дар ҳамин ҳол, боз дар баъзе минтақаҳо барои ҷалби муҳоҷирон ба кор дар ихтисосҳои манъшуда ҷаримаҳои калон ҷорӣ шуд: барои шахсони ҳуқуқӣ то 1 млн рубл, мансабдорон – то 50 ҳазор рубл. Шахсони воқеӣ низ, ки муҳоҷиронро киро кардаанд низ ҷарима (аз 2 то 4 ҳазор рубл) шуда метавонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.